Ҳамболи орзуҳо
Салмон дар яке аз деҳаҳои хушманзараи Хатлонзамин дида ба олами ҳастӣкушода дар оилаи серфарзанди падар фарзанди шашум буд. Ду апа ва се бародараш аллакай соҳиби хонаю дар ва зиндагии ободу осоиштаи худ буданд. Салмон дар синфи охири мактаби миёна мехонду ҳамроҳи бародари калонӣва падару модараш дар ҳавлии падарӣиқомат мекард. Байни духтаракони ҳамсолаш хушдорони зиёде дошт, зеро қомати баланд, мӯйи ғулии сиёҳ, чашмони бодомии хушнигоҳ ва аз ҳама муҳимтараш ахлоқи хуб дошт. Падараш, амаки Довуд ҳама фарзандонро соҳиби маълумоти олӣгардонда буд. Бародаронаш яке муаллим, дуввумӣмеъмор, саввумӣ агроном буданд, Салмон бошад, милиса шудан мехост. Падараш ҳамеша шухӣ мекард, ки Салмони ман генерал мешавад… Нияти неки падар буд ё саводу маҳорату чусту чолокии худи Салмон, ки ӯ курсанти мактаби олии милиса дар шаҳри Тошканд гашт. Панҷ соли ҳаёти донишҷӯйӣ бо азоби дурӣаз волидайну ёру диёр сипарӣ гаштанду Салмонро, ки акнун як ҷавонмарди тануманди зебо шуда буд, бо роҳхат ба Ватан ба кор фиристоданд…
Шаҳбози куҳистон
Салмон дар яке аз шуъбаҳои милисаи пойтахт бо дилгармӣ ба кор шуруъ намуд. Сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ба ин ҷавони рустамбозуи зебо, ки либосҳои хизматӣбо ҳуснаш гӯё ҷанг мекарданд, «Шаҳбози кӯҳистон» лақаб монда буд. Салмон дар хобгоҳ зиндагӣмекарду фориғ аз кори серташвиши милисагӣ ба тамошои гулгашту растаҳои сабзу хуррами пойтахт мебаромад. Духтарон аз ӯ чашм намеканданд, ҳатто баъзеашон ташаббус нишон дода роҳи ошноӣ мекофтанд, вале ишқ дар дили ин ҷавони зебо то ҳол ҷой нагирифта буд. Ӯ бо духтарон шинос мешуд, вале баъди як ё ду суҳбат мефаҳмид, ки духтари мекофтагиаш дигар аст. Духтарон баъди як вохӯрӣ ба Салмон ошиқи зор мешуданду бо номаҳои пурсӯзу гудози ошиқона ва туҳфаҳо дилашро ёфтанӣ мешуданд, аммо ҷавон ҳиссиёташро рӯирост гуфта, дилашонро хун мекард.
Падару модараш низ аз деҳа чанд духтарро ба ӯ нишон дода майлашро фаҳмиданӣ шуданд, вале Салмон маликаи орзуҳояшро дар симои онҳо надида ба рӯи умеду ормони волидонаш хати батлон мекашид. Падараш чизе нагӯяд ҳам, модараш асабӣшуда мегуфт:
-Ҳой бача, ин қадар духтарҳои зебои пурҳунарро рад карда гумон дорӣ, ки духтари шоҳи париён насибат мегардад?! Ҳоло ист, вақташ мерасад, ки ба як тори мӯйи духтарони қишлоқ зор мешавї…
Салмон модарашро ба оғӯш гирифта тасалло медод:
-Очаҷон, камтар сабр кунед, ман бароятон келине меёбам, ки кирои келин гуфтан бошад….
Амри тасодуф
Як шаб Салмон дар ҷойи кораш навбатдор буд, ки ҳамкасбонаш марди мастеро дошта оварданд. Мард бо тамоми овоз милисаҳои ҷавонро ҳақорат дода фарёд мезад: «Медонед ман кӣҳастам?! Ҳоло истед, очаи зори ҳамаатонро дар чашматон нишон медиҳам…»
Салмон марди мастро, ки дар бар либосҳои қимматбаҳо, вале ифлосу бетартиб дошт, ба ҳуҷраи корияш дароварда ором кард. Вай ин мардро кайҳо шинохта буд. Ин мард ҳофизи машҳур буд. Ҳофиз аз муносибати Салмон каме ором гирифта, муросокорона гуфт:
-Писарам, ман бо бонуям дар тарабхона ҷанг шудам, ин милисаҳои ту бошанд, дарҳол «тартиботро вайрон кардї» гӯён, маро каш-кашон ба ин маймунхона оварданд. Наход маро нашиносанд?!
-«Милисаҳои ман» шояд шуморо нашинохта бошанд, вале ман шуморо хуб мешиносам, зеро падарам мухлиси овози шумо ҳастанд ва ҳамеша ифтихор аз он мекунанд, ки шумо ҳамдиёрашон ҳастед,-гуфт Салмон.
Ҳофиз бо шунидани номи ватани бобоияш хушнуд гашта андешаманд пичиррос зад:
-Бале, ман ҳамдиёри ту ҳастам, вале ҳангоми хеле хурд буданам ятим монда дар хонаи бачаҳо ба воя расидам…
Салмон барои ҳофиз қаҳва тайёр карда пас аз ним соат ӯро ба мошинаш шинонда ба хонааш бурданӣшуд ва суроғаашро пурсид.
-Не писарам, ман ба хона намеравам, аздусар боз ҷанҷол мешавад! Беҳтараш маро ба хонаи духтарам бар,-даст афшонд ҳофиз.
Онҳо ба назди бинои баландошёни истиқоматӣрасиданду ҳофиз бо кӯмаки Салмон ба ошёнаи саввум баромад. Дарро ба рӯяшон зани чил- чилу панҷсолаи зебое кушод. Бо дидани ҳофиз чеҳраи соҳибхона тира гашта бошад ҳам, сухане нагуфта қафо гашт ва бо овози баланд садо кард: «Насрин, берун баро, падарат…» Пас аз як лаҳза духтараки нозукандоми сафедпӯсте дар пеши дар ҳозир шуда салом дод ва «отаҷон, боз ҳамон авҳол?!» гӯён аз дасти ҳофиз гирифта, ӯро ба дарун дароварду Салмонро низ ба ҷону ҳолаш намонда ба хона таклиф кард…
Бозёфт
Ҳофиз хона даромадан замон рӯи қолини дар меҳмонхона густурда афтид, Насрин бо табассуми ширин «ана адо» гӯён, аз Салмон хоҳиш кард, ки барои то рӯйи диван бурданаш кӯмак расонад. Ҳарду бо як азоб ҳофизи масту лояқилро то нармкат расонданд ва Насрин пойафзоли падарашро кашида ба рӯяш кампали гармро пӯшонд. Салмон хайрухӯш карда рафтанӣ буд, вале духтарак «як пиёла чой нӯшида баъд меравед» гӯён, ӯро ба ошхона таклиф кард. Хонаҳо хеле зебою барҳаво, таъмирашон низ олӣбуд. Дар ошхонаи муҷаҳҳаз сари мизи чойнӯшӣсуҳбати Насрину Салмон қаймоқ баст. Салмон аз нақли пурдарди духтарак фаҳмид, ки падараш даҳ сол пеш модари ӯро бо ду фарзанд дар миёни роҳ гузошта дунболи зани дигарро гирифтааст. «Падарам одами хуб аст, зани дигар гирифта бошад ҳам, мудом аз аҳволи мо хабар мегирад. Бародарам дар Маскав кору зиндагӣмекунад. Падарам хонаи дар Маскав доштаашро ба бародарам дод, ин хонаро бошад ба ману модарам бахшид. Ман имсол донишгоҳро хатм мекунам, Худо хоҳад журналист мешавам. Зани наваш падарамро тез-тез хафа мекунад ва ӯ қаҳр карда ба хонаи мо меояд. Модарам ба вай рӯи хуш надиҳад ҳам, ӯро дӯст медорад, барои ҳамин дигар шавҳар накард»,- қисса кард бо табассуми талх Насрин.
Салмон ба ин духтараки меҳрубону хушсухан, ки он қадар соҳибҷамол набошад ҳам, ситораи бисёр гарм дошт, нигариста аз дил гузаронд: «Духтаре, ки ман ҷустуҷӯяш мекардам, ана ҳамин аст!»
Ҳангоми хайрухуш Насрин рақами телефони хонаашонро ба Салмон дода бо табассум гуфт:
-Хайр, ҳамшаҳрӣ будаем, занг занед, меҳмонӣ оед…
( давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)