Spitamen
ШАВҲАРИ В: «ОЧАМА ГАНДА НАКУН, КИ…»
5635

 

Баъди ба шавҳар баромадан дарк намудам, ки духтар ҳама нозу нузашро дар хонаи очааш мекардааст. Мардуми мо келинро ҳамчун каниз қабул мекардаанд ва ҳатто нонхӯрии арӯсро дида, чашмашон сих мезадааст.

Дар оилаи бою бадавлат ба дунё наомада бошам ҳам, волидонам ягон чизро бо қулфу калид маҳкам намекарданд. Ризқу рӯзиеро, ки меёфтем, мехӯрдему ба умеди рӯзии баъдина шукрона карда мегаштем. Маро дарҳол баъди мактаб ба шавҳар доданд. Баъди баромадани чиллаи арӯсиям пай бурдам, ки хушдоманам тамоми маҳсулоти хӯрдании хонаро дар сандуқи калон пинҳон карда, дарашро қулф мекардааст. Аввалҳо ба ин чиз диққат намедодам, ҳар чизеро ки иҷозат медоданд, ҳамонро хурда, зиндагиро давом медодам, вале оҳиста-оҳиста кор ба ҷое расид, ки мани чашмам серу пур, бо дидани як дона қанди печак дилам гум мезадагӣ шуд. Қанду қандалот, меваву ҳалво, умуман ҳама чизи бомаза дар ин хона дар сандуқ пинҳон аст. Ягон меҳмон биёяд мебароранд, меҳмон, ки рафт боз ба ҷояш гузошта, дари сандуқро маҳкам мекунанд. Баъди он ки дар қадам кӯдак пайдо шуд, дилам зуд-зуд чизҳои бомаза мехоҳад, вале аз тарси хушдомани ҷоҳилам ҷуръат намекунам, ки аз сандуқ ягон хӯрдании лазиз бигирам. Шавҳарам парвои оламро надорад, боре намепурсад, ки ман гуруснаам ё ташна. Бечора модарам ҳар гоҳ ба хонаам меҳмонӣ биёяд: «духтарам ҳомиладор аст» гӯён, хӯрданиҳои бомаза меорад, вале хушдоманам чизҳои овардаи очаамро ҳам дар сандуқаш маҳкам карда, калидро пинҳон мекунад. Андеша намекунад, ки келинам сарторик аст, шояд дилаш ягон туршӣ ё ширинӣ мехоҳад. Хӯроки маъмулии ин хонавода шӯрбои бе гӯшт аст. Аз рӯзе, ки дар қадам кӯдак пайдо шудааст, бо дидани шӯрбо дилам беҳузур мешавад. Рӯзи дароз гурусна мегардам. Ба хонаамон меҳмонӣ омадаму модарам маро ба назди духтури занона бурд.

Ташхис нишон дод, ки камхунӣ дорам. Табиб маслиҳат дод, ки ба хотири солимии тифли батнам хӯрокҳои серғизо истеъмол намоям. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Худам дар хонаи хушдоман нони серӣ намеёбам, пагоҳ ҳоли кӯдаки бечораам чӣ мешуда бошад?

В.Д.

Шавҳари В.:

«Очама ганда накун, ки…»

Аслан ман хоҳиши бо шумо гап задан надорам. Занам ба идораи «Оила» рафта модари маро ганда кард? Ҳоло барои ин кораш ҷавоб мегӯяд! Модоме, ки аз рӯйи мо шикоят кардааст, ман ҳам тамоми сирру асрорашро фош карда, ӯро шарманда мекунам. Дар деҳаи мо наздики ҳазор оила зиндагӣ мекунанд ва тарзи зиндагии ҳамаамон қариб як хел аст. Мардуми деҳот сербачаву серкачаанд, агар қанду шириниҳоро пинҳон карда намонӣ, аз дасти кӯдакони ширинихӯрак дар хона ягон чиз намемонад. Худатон медонед, ки мардуми тоҷики мо меҳмондӯстдоранд, худашон намехӯранду ёфту тофташонро назди меҳмон мегузоранд. Модарам ба он хотир чизҳои хӯрданиро пинҳон мекунанд, ки дар назди меҳмонон сурх нашавем. Ин одатро як модари ман не, кули модарони деҳотӣ доранд, он аз насл ба насл мегузарад. Ҳамин қадар келинҳои деҳаи мо боре лаб ба шиква накушодаанд, зани тирмизаки ман бошад, як сол хонадорӣ накарда забон баровардааст? Медонам, ки занамро модараш аз роҳ зада ба ӯ гап нишон медиҳад. Арзу доди занамро дар газетаатон ҷой додаед, акнун як гапи маро ҳам ба хушдоманам расонед:

Гӯш кунед, хола, шумо ҳуқуқи ба зиндагии мо дахолат карданро надоред. Магар дар вақташ хушдомани шумо айнан чунин рафтор намекард? Магар шумо чунин вазниниҳои зиндагиро аз сар нагузаронидаед? Умрамон дароз бошаду саломатӣ бошад, Худованд моро ҳам ба ҳама неъматҳояш мерасондагист. Он гоҳ духтаратон аз қанду қандалот сер мешавад. Хонавайрон шудани духтаратонро нахоҳед, ба ҷойи алов мондан ӯро насиҳат кунед. Ягон хона бе камбудӣ нест, дар ҳама ҷо гапу хабар ҳаст. Ман ба хотири духтари шумо дили модарамро ранҷонидан намехоҳам. Бигзор кампир чизҳояшро пинҳон кардан гирад.

Маслиҳати равоншинос:

Мушкили ин оилаи ҷавон имрӯз қариб дар ҳама оилаҳои деҳот вуҷуд дорад. Баъди он ки чунин келинчакҳо тифлакони бемор ба дунё меоранд, ҷавонмардон аз бесаводӣ тамоми гуноҳро ба сари занҳои бечора зада, «кӯдаки касалӣ зоидӣ» гӯён, талоқашонро медиҳанд. Шавҳари В., як чизро бояд ба инобат бигирад, ки завҷааш дар муҳити тамоман дигар ба воя расидааст, бар замми ин, ҳомиладорӣ занро инҷику асабонӣ месозад. Шумо ҳамчун падар бояд фикри саломатии фарзанди ояндаатонро кунед. Модоме, ки модаратонро ранҷондан намехоҳед, ақаллан дар кисаатон ду-се дона қандалот ё хӯрдании дигари калориянокро пинҳонӣ ба хона биёред. Барои ҳамсари ҳомиладоратон каме хароҷот кунед, осмон омада ба замин намезанад. Фаромӯш насозед, ки дар сурати бемор ба дунё омадани тифлатон ҳам шумо азоб мекашеду ҳам завҷаатон саломатияшро аз даст медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
деҳотӣ. 2020-11-02, 12:42
Да кадом қишлоқ ихели одатои бемаънияй?
Посух
Зухро 2020-11-03, 09:59
Точикистон
Посух
ШАРТ НЕСТ!!! 2020-11-03, 10:39
ГУШ КУН!!! ПИРХАРИ БЕНОМУС!!! ХЕЧ КАС НАГУФТАЙ, КИ ТУ МОДАРТА ДИЛША РАНЧОН!!! МЕМРИ ГУФТИ, ХАМУ РАВОНШИНОС, ДАР КУНИ КИССААТ ДУ СЕ КАНДАК БИЁРИ ТИИ, ДА ЗАНУТ!!! БРА КОР КУН, ХАМ САНДУКИ ОЧАТА ПУР КУН, ВА ХАМ ЗАНИ САРТОРИКТА ДИЛША ОРОМ КУН!!! ЧУТЬ ЧТО, СРАЗУ ОЧАХОИ ЗАНАКО ВИНОВАТ!!! ГАП НИШОН МЕДОДЯН!!! ЧИБА АГАНЕ, ЧИЗОИ ХУШТОМАНТА, ОЧАХАКУТ ДА САНДУК БАЧО МЕКАДАЙ???!!! БЕНОМУС!!! УБОЛИЯ НАМЕДОНЕН ШУМО!!! ГУНОХАЙ ИН ХЕЛ РАФТОР КАРДАН, БО ЗАНАКИ ХОМИЛАДОР!!! БИТАРСЕД АЗ АЛЛОХ!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
деҳотӣ. 2020-11-02, 12:42
Да кадом қишлоқ ихели одатои бемаънияй?
Посух
Зухро 2020-11-03, 09:59
Точикистон
Посух
ШАРТ НЕСТ!!! 2020-11-03, 10:39
ГУШ КУН!!! ПИРХАРИ БЕНОМУС!!! ХЕЧ КАС НАГУФТАЙ, КИ ТУ МОДАРТА ДИЛША РАНЧОН!!! МЕМРИ ГУФТИ, ХАМУ РАВОНШИНОС, ДАР КУНИ КИССААТ ДУ СЕ КАНДАК БИЁРИ ТИИ, ДА ЗАНУТ!!! БРА КОР КУН, ХАМ САНДУКИ ОЧАТА ПУР КУН, ВА ХАМ ЗАНИ САРТОРИКТА ДИЛША ОРОМ КУН!!! ЧУТЬ ЧТО, СРАЗУ ОЧАХОИ ЗАНАКО ВИНОВАТ!!! ГАП НИШОН МЕДОДЯН!!! ЧИБА АГАНЕ, ЧИЗОИ ХУШТОМАНТА, ОЧАХАКУТ ДА САНДУК БАЧО МЕКАДАЙ???!!! БЕНОМУС!!! УБОЛИЯ НАМЕДОНЕН ШУМО!!! ГУНОХАЙ ИН ХЕЛ РАФТОР КАРДАН, БО ЗАНАКИ ХОМИЛАДОР!!! БИТАРСЕД АЗ АЛЛОХ!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД