new banner new years
Шавҳари санъаткор карда рӯзи хушро надидам
1446

Ман як зан-модари тоҷик мебошам ва мехоҳам қиссаи ҳаётиамро ба шумо нақл карда, маслихат бипурсам.

Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, духтари ягонаи хонадон ҳастам. Дар мактаб ба баҳои аьло мехондам, аммо баьди хатми мактаб падару модарам маро ба як хеши дурамон ба шавҳар доданд. Ҷавонро надида будам, вале баъди тӯй ӯро сахт дӯст доштам. Ҳарчи мегуфт бо ҷону дил дар хизматаш будам, ҳатто нохуни пои ӯро мегирифтаму эҳтиромаш мекардам.

Шавҳари ман ҷавони хуб ва санъаткор буд. Ба қавле фанати бисёр дошт ва ҳамеша бо телефонаш банд буд. Бо хонумҳо смс менавишт, аммо ман ба ин аҳамият намедодам.

Пас аз тавлиди духтарчаам маро ҳисси рашк фаро гирифт ва аз рӯйи мухлисонаш бо шавҳарам моҷаро мекардагӣ шудам. Намедонам ҳамин корам сабаб шуд ё чизи дигар, ки шавҳарам дилхунук шуда, дигар ба ман аҳамият намедодагӣ шуд. Ягон чиз гӯям, ба сарам даст бардошта, маро зери мушту лагад мегирифт ва дод мезад, ки ба ман кордор нашав. Хушдоманам ин ҳамаро бинад ҳам, писарашро насиҳат намекард.

Хулоса, азоби сагро мекашидам. Рашк маро девона мекард. Акнун шабу нимашаб пароли телефони шавҳарамро кофта, ҳамаи смсҳои ӯро мехондам ва дарун ба дарун худамро мехурдам, вале чорае набуд.

Ҳамин тавр тифли сеюмам ба дунё омад. Гумон мекардам, ки шавҳарам иваз мешавад, вале ин тавр нашуд. Вай ҳамоно бо смсбозӣ машғул аст ва дар шабакаҳои интернетӣ худро муҷаррад муаррифӣ мекунад. Аксари ҳамсуҳбатонаш духтарони рус мебошанд.

Инак, ҳаёти оилавии моро зиёда аз 10 сол мешавад, аммо шавҳарам як зарра ҳам дигар нашудааст. Қариб 40 сола бошад ҳам, худашро ҷавони 18- сола хаёл карда, бо занону духтарони бегона смсбозӣ мекунад. Намедонам сарамро ба кадом дар занам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Шавҳари эгоистамро ба ҳоли худаш монда фарзандонамро гирифта баромада равам ё “сари кафида таги тоқӣ” гуфта тоқат кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД