Ману шавҳарам мисли Лайливу Маҷнун ба ҳамдигар ошиқи шайдо шуда, бо садҳо орзую ҳавасҳои ширин оила бунёд намуда будем, вале баъди тӯй падараш «бачам, кори хуб ёфтан дар ин замона душвор аст, боз нони тайёрро аз даст надиҳӣ» гӯён, маҷбуран шавҳарамро ба Русия фиристод.
Рӯзи рафтани шавҳарам барои мани наварӯс рӯзи мотам буд. Аз пасаш гириста зориву тавалло намудам, ки зудтар баргардад. Аввалҳо шавҳарам тез-тез занг мезад, ҳар моҳ пул равон мекард ва соле як ё ду маротиба ба Ватан омада, чанд вақт бо мо мемонд, вале баъди он ки соҳиби 3 фарзанд шудем, муносибаташ тағйир ёфт. Акнун дер-дер занг мезад, худам ба ӯ занг занам, баҳона мекард, ки кораш зиёд асту барои бо телефон чақ-чақ карда нишастан ҷарима мекунанд...
Як шом зани акои шавҳарам, яъне авсунам хонаро хилват ёфта гуфт: «Шавҳарат дар Русия зани тотор гирифтааст. Ҳушёр шав, ки боз бо се фарзанд бе шавҳар намонӣ, ин занҳои тотор бисёр ҷодугаранд, аз дасташон ҳар кор меояд...”.
Ростӣ боварам наомад, ки шавҳарам ба ман хиёнат карда, зани дигар гирифта бошад, вале баъдтар ҳақиқат рӯйи об баромада, фаҳмидам, ки авсунам дурӯғ намегуфтааст. Шавҳарам дар ҳақиқат дар Русия зани тотор гирифта будааст. Тоторзани гӯрсӯхта шавҳарамро бо ҷодугарӣ чунон ғулом карда гирифтааст, ки мӯр гӯяд, мемурдад. Акнун марде, ки ҷонашро барои ману кӯдаконаш нисор мекард, моро ҳатто ба ёд намеорад, на пул мефиристад, на занг зада, ҳолу аҳволамонро пурсон мешавад. Кампири хушдоманам маро наисҳат карда мегӯяд, ки тоқат кунам, як рӯз не, як рӯз ақли шавҳарам ба сараш зада, аз баҳри зани тотораш мебарояд ва ба назди ману бачаҳояш бармегардад, вале дигар сабру тоқат надорам. Мехоҳам чиптаи ҳавопайдо харида назди шавҳарам равам, аммо метарсам, ки мабодо талоқамро надиҳад.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
У. Ф.