Arzon march 2024
ШАВҲАРИ ЛАТТА ДОШТАН НАМЕХОҲАМ!
16.05.2021
Оила
3715

 

Як моҳ қабл бо ҷавоне шинос шудам, баъди чанд муддат маълум гашт, ки бачаи беиродаву тарсу аст. Модарам мегӯяд, ки аз чунин ҷавон шавҳари хуб мебарояд, дар сараш чормағз шиканӣ ҳам, чизе намегӯяд, вале ман шавҳари латта намехоҳам.

Маслиҳат:
Аслан ҳамаи модарон хушбахтии фарзандонашонро мехоҳанд. Модаратон мехоҳад соҳиби набера гашта, ба атрофиён домодашро ҳамчун марди қобилу меҳрубон муаррифӣ намояд. Шумо бошед, мехоҳед мардеро ҳамсафари ҳаётӣ интихоб намоед, ки дар ҷамъият обрӯву нуфуз дошта бошад. Ҷавонро ба далериву боҷуръатӣ даъват намоед. Рӯирост ба ӯ гӯед, ки атрофиён ба сустиродагиву заифии ӯ бо чашми тамасхур менигаранд. Ҳолатҳоеро, ки ҳамроҳаш дар вазъи ногувор монда будед, ба ёдаш расонед. Байти машҳури Фирдавсиро ба ёд биёред.
Зани хубу фармонбару порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ.

Таърих гувоҳ аст, мардони бузурги олам маҳз бо шарофати дастгирии бонувонашон ба мартабаҳои баланд расидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД