Ўро бо як азоб хоб кардаму пеши худ мақсад гузоштам, ки ба ин муносибатҳои нанговару дардовар нуқта мегузорам. Ҳарчанд Исфандиёр аз хати сурхи одамгарӣ кайҳо гузашта буд, ман хостам тарзе аз ў ҷудо шавам, ки худашро паст ҳис накунад.
Хонаро бўйи бади арақу сигор фаро гирифта буд. Аз ин рў, ба меҳмонхона даромада, доруи таскинбахш хўрдаму чашмонамро сахт пўшидам. Бояд бигўям, ки баъди шиносоӣ бо Исфандиёр дар қуттии доруҳои ман ҳаббҳои таскинбахши зиёде пайдо шуданд, зеро бо ў бе асабоният зистан душвор буд. Субҳ ў мисли ҳарвақта аз ман бахшиш пурсиду ба оғўш гирифта, бўсаам кард ва либосҳояшро пўшида, ба кор рафт. Бояд бигўям, ки ў бо як хеши падараш кор мекард ва ҷойи кораш ҳам хуб буд, вале пули ёфтааш сарфи арақ мешуд. Шояд занашро азоби бисёр дода буд, ки на ба ў занг мезад, на мепурсид, ки дар куҷоӣ. Соатҳои даҳ ман ба Исфандиёр занг зада гуфтам:
-Модарам сахт бемор шудаанд, ўро ба хонаи ман меоранд, имшаб ба хона омада наметавонӣ,-ӯ норозиёна гуфт: -Ман ба куҷо равам?!
Худоҷон маро бубахшад, барои модари азизамро бемор гуфтану тўҳмат задан, вале ман дурўғамро идома дода, бо овози гиряолуд гуфтам:
- Намедонам, аҳволи модарам бад аст...
Ҳамин тавр, як моҳи дароз худро беморбон вонамуд кардам. Исфандиёр сари мастиҳо ҳамеша мегуфт, ки “вақташ ояд, худам ба бародаронат мегўям, ки хоҳаратонро дўст медорам, ҳатто ба падарат ҳам!”, аммо ба нақш бозидани ман бовар карда, дигар ба сўи хонаам наомад. Ман “ҳоло рафтани модарам маълум не” гўён, либосҳояшро ҷамъ карда, бо таксие ба наздаш фиристодам, ў либос ҳам надошт, чанд куртаи нимдошт ва як костюми кўҳна…
Чанд рўзи аввал занг мезаду аҳвол мепурсид ва баъд бедарак шуд, ман озодиеро дар равонам эҳсос кардам, ки ногуфтанӣ…
Аввалин коре, ки кардам, тозаву тамиз кардани хонаам буд, баъд дигар аз танҳоиву хомўшиву тозагӣ лаззат мебурдам. Бо ҳама бадмастиҳояш нигоҳ накарда, бо Исфандиёр одат карда будам ва баъзан дилам танг мешуд. Баъди ду рўзи занг назаданаш, дар як шабакаи иҷтимоӣ сурати ўро дидам, ки аз маргаш хабар медоданд, ман як соат дар ҳолати шок қарор доштам. Ду рўз пас кофта-кофта, ба ҷойи кораш рафтам ва гуфтам, ки ба вай кор дорам, зане, ки аз ў Исфандиёрро пурсидам, ба ман гуфт:
- Шумо шиноси наздик будед?
Ман дар ҷавоб гуфтам:
- Не, ҳамин хел як корам афтода буд.
Занак бо афсўс гуфт:
- Исфандиёр дар деҳа худашро овехта, худкушӣ кардааст. Ман ўро ҳеҷ гоҳ маст надида будам, аммо мегўянд, ки вақтҳои охир бисёр менўшидааст…
Ман хуб медонам, ки Исфандиёр маро дўст намедошт, ў ба хотири хонаи тинҷу ором, хўроки гарми тайёр бо ман дўст шуда буд. Ман медидам, ки ў ба зан чандон майлу рағбат надорад, ҳушу ёдаш ба май буду халос ва оқибат майхорагӣ ўро ба домани хок кашид, аммо ҳеҷ наметавонам бо дурўғ аз хона рондани ўро ба худам бахшам. Намедонам чӣ кор кунам, шояд ба ягон равоншинос муроҷиат кунам?
ШОИСТА
Таснифи Нисо ХОЛИД