Дурага
Падару модари ман ҳангоми аскарбача будани падарам шинос шудаанд. Падарамро ба Қирғизистон ба хизмати ҳарбӣ мебаранду он ҷо бо модарам шинос мешаванд.
Модарам ҳамеша рўзи шиносоияшонро бо падарам ба ёд оварда, мегуфтанд:
- Ман дар Донишгоҳи педагогӣ мехондаму ҳар бегоҳ ҳамроҳи дугонаҳоям ба майдончаи рақс мерафтем, ки дар қисми ҳарбӣ воқеъ буд. Дугонаҳоям бо аскарбачаҳо мерақсиданду хурсандӣ мекарданд, ман бошам, дар гўшаяке нишаста, аз ин ҳаловат мебурдам. Аз байни аскарбачаҳо бошад, падарат ба рақсидан шавқ надошт ва ана ҳамин бешавқӣ моро ба ҳам шинос карду ба доми ишқи тоҷикбачаи абрўсиёҳ афтодам. Дугонаҳоям низ аскарбачаҳои “кавалер” доштанд, аммо танҳо ману падарат издивоҷ кардем. Ба бобою бибият низ аз рўзҳои аввал падарат маъқул шуд ва ўро дар баробари тағои ягонаат писари дувум хонданд. Падарам дар хонаи бачаҳо ба воя расида, дар меҳан касе надошта бошад ҳам, модарамро гирифта, ба Ватан баргашт. Ҳарчанд бибию бобои модариям мехостанд, ки ў дар Қирғизистон бимонад…
Аз ин пайванди пурмуҳаббат ман ва чор бародарам ба дунё омадем. Беҳуда нагуфтаанд, ки дурагаҳо зебо мешаванд, ману бародаронамро одами дидагӣ ангушти ҳайрат мегазид. Ман байни чор бародар эркаю нозуку бепарво ба воя мерасидам, падару модар ва бародаронам ҳама гуфтаҳои маро иҷро карда, нозбардорам буданд.
Бидуни ишқ
Модарам муаллимаи забони русӣ, падарам бошад, пас аз хатми донишгоҳ дар заводи заршӯӣ муҳандис буданд. Оилаи мо байни мардум чун оилаи намунавӣ ном бароварда буд, бародаронам ҳамагӣ пушти касби падар рафта, пайи ҳам оиладор шуданд. Ман коллеҷи тиббиро хатм карда, нав ба кор даромада будам, ки хонаамон хостгорборон шуд. Вале модарам ба хотири мустаҳкам намудани пайванди хешутаборӣ маро ба писари тағоям Осмонбек ба шавҳар дод. Он вақтҳо Ҳукумати шӯравӣ барқарор буду рафтуомад ба Қирғизистон осон, падарам модарамро аз ҳад зиёд дўст медошт ва ба нею нестони ман нигоҳ накарда, ба ин издивоҷ розӣ шуд. Бибию бобои модариям кайҳо аз олам гузашта буданд, Осмонбек писари ягонаи тағоям буд ва онҳо дар ҳавлии бошукўҳи бобоиямон зиндагӣ мекарданд. Дар хона бо забони русӣ гап мезадем, тағоям ҳам марди сарватманд, духтури дандон буд, ҳамсару писараш низ ҳамкасбони ў буданд. Онҳо маро низ ба Донишгоҳи тиббии Бишкек дохил карданд. Осмонбек ҷавонмарди зебои озода ва босаводу бомаърифат буд, ўро дўст намедоштам, вале бад ҳам намедидам. Тӯли даҳ соли зиндагӣ мо соҳиби фарзанд нашудем, дар ин муддат падарам аз дунё гузашту модарам низ бемори диабети қанд шуд. Ман ба хабаргирии модарам омада, дигар ба хонаи шавҳарам барнагаштам, хусуру хушдоманам ва Осмонбек низ дигар ба суроғам наомаданд. Он вақтҳо телефони мобилӣ набуду тағоям ба ҷойи кори модарам занг зада, аҳвол пурсидаасту нарафтани маро шунида, хафа шудааст…
Зиндагии нав
Мо дар деҳае зиндагӣ мекардем, ки он ҷо заводи заршўӣ воқеъ буд. Бо барҳам хўрдани шӯравӣ ва сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ, мо ҳавлиҳои бошукўҳро гузошта, ҳамагӣ ба пойтахт кўч бастем. Бародаронам тамоми пули доштаашонро як ҷо карда, як ҳавлии калон хариданд, мо ҳамакаса қариб бисту чор нафар як ҷо зиндагӣ мекардем.
Бародаронам ба тиҷорати мошин оғоз карданду дар як муддати кўтоҳ муваффақ шуданд. Баъди хомўш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ мо дар пойтахт ҳар кадоме хонаи алоҳида доштем. Ман низ баробари бародаронам худро дар тиҷорат санҷида, чанд дорухона кушодам. Оҳиста-оҳиста заводи заршўӣ аз нав ба кор оғоз карду бародаронам бо зану фарзандонашон ба ҳавлиҳояшон баргаштанд. Онҳо ҳамагӣ шахсони сарватманд ва баобрў ҳастанд. Ман низ дар бизнеси дору муваффақ гаштаму барои худам дар маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрадори зебое харидам. Модарам гоҳ бо ман мезисту гоҳ бо бародаронам, ҳамеша хоҳиш мекард, ки шавҳар карда, барои худам фарзанде таваллуд кунам. Аз рўйи шунидаҳоям, Осмонбек зан гирифта, соҳиби ду фарзанд шудааст.
Талабгорони ман кам набуданд, аммо мехостам нафареро дўст дошта, баъд хонадор шавам. Онҳоеро, ки ба гўшам ҳадиси ишқ мехонданд, ошиқи худ не, ошиқи пулу молам медонистам, вале ишқ омад…
НИЛГУНА
Таснифи Нисо ХОЛИД