Formula novemver 2024
Шавҳари апаву ошиқи хоҳар
2333

 Даричаи ошноӣ:

Серҳан Яваш яке аз машҳуртарин ҳунармандони синамои Туркия ба шумор меравад. Серҳан 27 марти соли 1972 дар пойтахти Туркия-Истамбул ба дунё омадааст. Падараш вазири роҳи оҳан, модараш духтури қалб-кардиолог.

 Кӯдаке, ки хиради пирона дошт
Серҳан аз айёми кӯдакӣ аз дигар ҳамсолонаш куллан фарқ дошт. Дигар бачаҳо филмҳои тасвирӣ тамошо карда ба корҳои харгӯшаку гургу сагчаҳо ханданд, вай мисли калонсолон гӯшу ҳуш шуда филмҳои ҷиддии хориҷиро тамошо мекард. Ҳамсолонаш дар кӯча пистолетбозӣ мекарданд, Серҳан бошад, сарашро аз китоб набардошта рӯзи дароз мехонду мехонд. Волидонаш пешгӯӣ мекарданд, ки Серҳани ошиқи китоб олим, нависанда ё актёр мешавад, аммо баъди хатми мактаби миёна вай ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи варзиш супурд ва онро бо муваффақият хатм карда, варзишгари машҳур шуд.

 Аз теннис ба синамо
Серҳан Явашро дар саросари Туркия ҳамчун теннисбози беҳтарин мешинохтанд, зеро ягон чорабинии варзишии марбут ба ин навъи спорт бе иштироки ин ҷавони чусту чолок намегузашт. Муваффақиятҳои пай дар паяш дар соҳаи спорт боиси он мегашт, ки симои Серҳан тез-тез дар телевизион пайдо шавад. Синамогарони зирак қаду қомати базеб, овози ширадор ва чашмони ҷаззоби ин варзишгари ҷавонро аз экрани телевизион дида, дарк намуданд, ки агар ин чеҳраи зебо дар экрани кино пайдо шавад, дар дили миллионҳо одамон ғулғула меафканад. Киноматаграфистон бо зангҳои пай дар паяшон варзишгари ҷавонро ҷонбезор мекарданд. Якбора чанд коргардони машҳур ба ӯ сенария пешниҳод намуда буданд ва Серҳан намедонист кадомашро қабул кунад. Билохира ҳарчи бодо бод гӯён вай бо офарандагони филми «Тортанак» (Паук) шартномаи ҳамкорӣ баст ва дар ин филм нақши корманди полисро бозид. Филм бад набаромада бошад ҳам, худи Серҳанро чандон қаноатманд насохт.

 Тулӯи хуршеди шуҳрат
«Аз афташ аз ман актёр намебарояд» гӯён, варзишгари ҷавон аз баҳри шуғли наваш тамоман гузаштанӣ буд, вале синамогарон аз ӯ хоҳиш карданд, ки боз як бори дигар бахташро дар кино санҷида бинад. Серҳан сенарияи филми «Баъди борон»-ро бо дили нохоҳам ба даст гирифта бошад ҳам, масъулиятнокии зотиаш ӯро ба он водор мекард, ки тамоми маҳораташро сарф намояд. Маҳорати баланди коргардон ва талошу бедорхобиҳои ин ҷавони ҳунарманд самари хуб доданд, филм Туркияро сар то сар ба ваҷд овард. «Баъди борон» серхаридортарин филм дар кишвар ва номи Серҳан Яваш вирди забони пиру барно гашт. Акнун ҳар рӯз садҳо духтаракони ошиқ ба ӯ даста-даста номаҳои пур аз сӯзу гудози ошиқона менавиштанд, модарони зиёде Серҳанро писархонд мегирифтанд, мардони машҳуртарини Туркиё ба ӯ ҳасад мебурданд…

 Асрори паси парда
Аз кӯдаки сесола сар карда то пири садсола ҳама мехостанд дар бораи Серҳан Яваш маълумот пайдо намоянд, вале ба ягон журналист муяссар намегашт, ки асрори ҳаёти шахсии Серҳанро кушояд. Маҳбубаи Серҳан кист, ин ҷавони серхаридор чӣ қадар пул ва чанд маъшуқа дорад, бо киҳо дӯстиву шишту хез мекунад, касе намедонист. Серҳан асрори ҳаёти шахсиашро мисли гавҳари ноёб дар пушти ҳафт қабат парда пинҳон карда, имкон намедод, ки касе ба саропардаи розаш роҳ ёбад. Хабарнигорон аз пасаш мисли соя мегаштанд, ӯро пайгирӣ менамуданд, аз пушташ ба қавле «агент» мемонданд, аммо дар бораи Серҳан ягон маълумоти аҷиберо пайдо карда наметавонистанд, ки аз он ҳангома сохтан мумкин бошад.

 «Мондагор»-инқилоб дар синамои турк
Охирин филме, ки Серҳан Яваш дар он нақш бозидааст, силсилафилми «Мондагор» аст. Дар ин сериал вай нақши Ҳорунро бисёр моҳирона офарида, дар соҳаи синамо ба маънии томаш инқилоб кард. Мухлисони ин сериал натанҳо дар Туркия, балки дар Аврупову Амриқо низ хеле зиёданд. «Мондагор»-ро дар кишварҳои Осиё ва Африқо низ ба забонҳои маҳаллӣ тарҷума кардаанд, зеро муштариёни ин филм бешуморанд. Филм дар бораи оилаи обрӯманде нақл мекунад, ки рӯ ба парокандагӣ овардааст. Модари Ҳорун-Саодат ба бемории руҳӣ гирифтор аст. Падараш Файз роҳбари ширкати тиҷоратӣ ва аз чизе камбудӣ надошта бошад ҳам, Ҳорун бо гурўҳи криминалӣ ҳамроҳ шуда ба як одами хатарнок табдил меёбад. Ӯ якбора ду духтар-апаву хоҳарро ба дом афканда ҳардуяшонро бадном месозад. Хоҳарон Эдо ва Мелдо ошиқи зори Ҳорун ҳастанд. Эдо духтари боақлу бофаросат бошад ҳам, чи тавр ба оғўши Ҳорун даромаданашро худаш нафаҳмида мемонад. Ақли ин паричеҳра танҳо вақте ба сараш мезанад, ки аз Ҳорун ҳомиладор мешавад. Эдо аз тарси шармандагӣ аз хонаи падараш фирор мекунад, хоҳараш Мелдо бошад, бо камоли майл ба никоҳи Ҳорун медарояд. Ин хабар ба гўши Эдо мерасад ва ў даст ба худкушӣ мезанад, аммо табибон ҷонашро аз панҷаи марг наҷот мебахшанд. Баробари ба ҳуш омадан вай дар болои сараш ошиқи бевафояш Ҳорунро мебинад ва оташи муҳаббат дубора дар дилаш аланга гирифта, онҳоро боз бо ҳам мепайвандад…
Ҳодисаҳои филм бисёр пурпечутоб ва риққатоваранд. Тамошобин наметавонад «Мондагор»-ро бе оби дида тамошо кунад. Пайроҳаи пурпечутоби муҳаббат Ҳорун ва Эдоро бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ менамояд. Вақте духтарчаашон Борон ба дунё меояд, Ҳорун мехоҳад Эдоро ба никоҳи худ дарорад, вале Мелдо, ки хоҳари ҳамхуни Эдо ва ҳамсари қонунии Ҳорун аст, ҷудошавиро рад намуда, мегӯяд, ки ӯ шавҳарашро ба касе доданӣ нест. Ҳорун ошиқи зори Эдо аст ва барои духтарчааш Борон ҷонашро фидо месозад, аммо ҳамсараш Мелдо имкон намедиҳад, ки онҳо бо ҳам омада, осуда зиндагӣ намоянд.

Билохира, баъди рақобату муборизаҳои зиёд ду дилдода ба ҳам мерасанд ва тӯйи деринтизори арӯсияшонро барпо менамоянд.

 Ишқ омаду…
Беҳуда намегӯянд, ки тавонотарин лашкар дар дунё муҳаббат аст ва касею чизе сади роҳи ишқ гашта наметавонад. Муҳаббат қодир аст шоҳро ғуломи духтари гадо гардонад ё ҳезумкашеро бар тахти салтанат биншонад. Ишқ-ин нерӯи бузург бар Серҳан низ ғалаба карда ин ҷавони серхаридорро асир гардонд. Асири гесувони марғуладору чашмони оҳувонаи духтари зебое бо исми Ҷерин. Муҳаббати ин париваш билохира пардаи асрори Серҳанро дарид. Тӯйи ин ду дилдода соли 1999 барпо гашта ниҳоли бахташон ду сол пас бор овард. Соли 2001 ҳамсараш Ҷерин духтарчаи фариштарӯеро ба дунё оварда сари Серҳан Явашро ба осмон расонд. «Падар шудан беҳтарин ҷоизаест, ки дар ҳаёт маро насиб гашт»,- навиштааст ин актёри машҳур дар дафтари хотираҳояш.

 Хислат
Серҳан Яваш ҷавонмарди донишманд ва бо ҳунар бошад ҳам, хислати вазнин дорад. Бо ҳар кас забон ёфта наметавонад, чунки ҳақгӯю ҳақпараст аст. Айби касро дар рӯяш мегӯяд. Ҳамин хислаташ боиси он мегардад, ки аксарият аз ӯ ранҷида Серҳанро ҳавобаланд мехонанд. Дар асл ӯ одами худхоҳу мағрур нест, аз он ки филмҳояш натанҳо дар кишвараш, балки берун аз марзи Туркия ҳам шуҳрат ёфтаанд, ҳеҷ гоҳ фахр намекунад. Серҳан як инсони заминӣ, вале ҷиддию камгап аст.

 Серҳан аз чӣ ифтихор мекунад?
Имрўзҳо Серҳан Яваш бо касби моделерӣ машғул буда, даромади калон ба даст меорад. Ӯро ҳамчун яке аз чеҳраҳои машҳури синамои Туркия қариб дар тамоми дунё мешиносанд, вале Серҳан аз ин ифтихор намекунад. Мояи ифтихори Серҳан Яваш ва ҳамсараш Ҷерин духтарчаи 15 солаашон Сеҳра аст, ки касби пурифтихори падарро идома дода, актриса шудан мехоҳад. Мо ба ин оилаи тифоқ хушбахтию саодатмандӣ хоста, дуо мекунем, ки Худованд ин орзуи наҷибашонро ҷомаи амал пӯшонад ва дар осмони ҳунар боз як ситораи тобноки дигар дурахшон гардад!

Омодасоз: Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД