Formula novemver 2024
Шавҳардидаро ба занӣ гирам?
20.02.2022
ОИЛА
4336

Ман Фариддун, 25-сола ҳастам. Чанде қабл тавассути сомонаи инстаграм бо нозанине шинос шудам, ки бо як дидан қалбу ҳуши маро рабуд. Азбаски ҷавони зангир ҳастам, бо гумони он ки зебосанами фариштарӯ духтари хона аст, чанд моҳ барои ба даст овардани дилаш давидам. Вақте ки бори аввал ба мулоқоти ошиқона рафтем, рӯирост гуфтам, ки дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам, шукри Худо хонаву ҷои кор дорам ва агар розӣ бошад, ӯро ба занӣ гирифтан мехоҳам. Дар ин ҳангом дӯстдоштаам ба ман иқрор шуд, ки як маротиба шавҳар кардаву ҷудо шудааст. Аз шунидани ин сухан хеле ғамгин шуда, чанд рӯз ба худ ҷои нишаст наёфтам. Билохира, ба қароре омадам, ки аввал бо ягон духтар оиладор мешаваму баъд дӯстдоштаамро зани дуюм карда мегирам. Вақте ки ин гапро ба дӯстдоштаам гуфтам, вай аз ман ранҷида гуфт, ки барои зани дуюм шудан розӣ нест ва мехоҳад, ки зани якуми ман шавад. Ростӣ, дар ҳоли хеле ногувор қарор дорам. Ман ба падару модар ва наздиконам чӣ хел мефаҳмонам, ки ба хонаи зани шавҳардида ба хостгорӣ раванд. Ман ӯро бо тамоми ҳастӣ дӯст медораму аз даст додан намехоҳам, вале зани якум карда наметавонам. Дӯстдоштаам бошад, зани дуюми ман шудан намехоҳад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Зани шавҳардидаро арӯс карда, ба хонаамон барам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД