Formula novemver 2024
ШАВҲАРАМРО ЗАН ДОДАНД(ҚИСМИ 2)
4810

ИДОМААШ...

Ҳазл менамудаму бо ин васила худро хушбахт нишон доданӣ мешудам.

-Парвина, дардатро зӯракӣ фурӯ набар, ки кафида наравӣ. Медонам, ки аз рашку ҳасад дарун ба дарун оташ гирифта истодаӣ,-рӯзе бе ягон муқаддима гуфт додаршӯям.

-Барои чӣ ин хел мегӯӣ? Охир, янгаи дуюматро модарат интихоб карданд, барои чӣ ба зани дуюми акаат рашку ҳасад барам?!-Саволҳоям бе ҷавоб монд. Ҳеварам рӯй гардонда, аз паси корҳояш шуд. Ман бошам, мисоли санг шах шуда мондам. Бо ҳамин, шавҳардори бе шавҳар шуда мондам. Шавҳарам пурра ба зани дуюмаш тааллуқ дошт. Ӯ ҳатто рӯзона ҳам бо ман дуруст гап намезад. Ҳеварам аҳволи маро дида, писханд мезад.

-Очаҷонам рост мегуфтаанд, тоқатам дигар намонд, кундошдорӣ душвор будааст, -гӯён, дар танҳоӣ назди хушдоманам зор–зор гиристам ва он чизе, ки дар зиндагиям шуда истода буд, ба ӯ гуфта додам.

-Духтарам, сабр кун. Шавҳарат Набӣ то андозае ҳақ аст. Кундошат ҳам бо умед шавҳар кардааст, ки соҳиби фарзанд шавад. Ту зан-модар ҳастӣ ва бояд ҳамчун зан шавҳаратро фаҳмӣ,-таскинам дод модарвор. Суханони хушдоманамро гӯш карда, худро каме тасаллӣ додам. Воқеан ҳам, бовар доштам, ки баъди зани дуюм гирифтани шавҳарам ҳамааш хуб мешавад ва зиндагиамон бо шавҳарам чун пештара ҷараён мегирад. Фарзанди дуюм–духтарчаамро ба дунё овардам. Аммо шавҳарам баъди ин ҳам ҳамеша бо зани наваш буд. Ба хонаамон меҳмонӣ рафта, ба модарам аз зиндагиям қисса кардам.

-Духтарам, гумон дорӣ, ки ман бо очаи хурдиат бо вақти хуш–ширу қаймоқ барин ҳаёт мегузаронам? Не, ин тавр нест. Ман хотири осудагии шумоён, хомӯшона ба корҳои вай ва падарат тоқат карда гаштаам. Аз рӯзе, ки қадами ӯ ба ин хона расид, хӯрдагиям заҳру пӯшидагиям кафан аст. Чӣ кор кунам? Ғайр аз тоқат, сабр, таҳаммул дигар аз дасти мо, занҳо коре намеояд. Рашки зан даво надорад. Суханони модарамро гӯш карда, фаҳмидам, ки зоғе бе доғ намешудааст. Қарор додам, ки ман ҳам сабр мекунаму оқибати корро интизор мешавам.

Духтарчаамро дар беморхонаи “Истиқлол” таваллуд карда будам. Рӯзе фарзандам бемор шуд, хостам ӯро ба беморхона барам, лекин «бо дуою тӯмор табобат мекунем» гӯён, шавҳарам барои ба беморхона бурданам монеа шуд. Аҳволи кӯдак рӯз ба рӯз бад шуда, хеле лоғар гашт. Худам низ асабию хастанамо шудам. Аниқтараш дигар худро ҳангоми писханду кинояҳои онҳо наметавонистам бепарво гирам.

-Занак, ё бо аҳли оила созиш мекунӣ ё ба пеши падарат бурда, ҷавобатро медиҳам. Дигар тоқатам ба рафторҳоят намонд,-ситеза намуд шавҳарам баъди он ки бо ҳеварам ҷанҷол кардам.
-Ҳама хубу ман ганда. Шумо азоби маро чӣ медонед? Осон нест бо шавҳари дузана зиндагӣ кардан,-гуфтам гилаомез.

Таънаи шавҳар ҷонамро сӯрох кард.
-Бале, ман зани бад ҳастаму зани дуюматон зани хуб. Агар зани хуб набошад, шумо шабу рӯз гирдаш парвона мешудед?!–доду мағали ман аҳли хонадони шавҳарамро ба по хезонд.

-Зане, ки ба сари шавҳар дод мезанад, дӯзахӣ аст! Худи ҳозир ҷавобашро деҳ! Ҷавоби падарашро ман медиҳам!–амромез сӯи шавҳарам дод зад хушдоманам.

Шавҳарам гӯё маҳтали ишора будааст, ки зуд номи талоқро ба забон гирифт. Ман аз қаҳру ғазаб на фикри«сӯхтанро дар оташи дӯзах» мекардаму на фикри дигарро. Шавҳарам бо тамоми қувват як мушт ба сарам зад, мувозинатамро гум карда, сарозер афтодам. Дар хона қиёмат гӯё қоим шуд. Сарамро дошта, аз замин хестаму калавида– калавида ба хонаам даромадам. Писарам масти хоб буд. Ӯро аз ҷойхобаш болои даст гирифтам.

-Писарамро дар ҷояш мон. Ман ӯро ба ту намедиҳам. Ба кӯдак модари девона не, ҳушёр лозим аст! –гӯён, шавҳару хушдоманам писарамро аз дастам гирифта, маро тела зада, аз хона баровард. Бо як азоб фарзандонамро гирифта, ба хонаи падарам рафтам. Падарам ба ҷои он ки аз ман пуштибонӣ кунад, «ба номи ҳафт пуштамон иснод овардӣ» гӯён, худамро маломат кард...

Аз ин воқеа солҳо сипарӣ шуд. Писарам калонак шуд. Ман ба як корхонаи бонуфузе ба кор даромадам, то ки бо пули ҳалол фарзандонамро хӯронаму пӯшонам. Аммо дарду доғи бахти аввал абадан дар дилам захми сӯзон аст. Хушдоманамро ҳеҷ гоҳ барои он ки шавҳарамро зан дода буд, намебахшам ва чунин ақлкӯтоҳиро ба дигар занҳо низ тавсия намедиҳам. Инчунин, аз тамоми занону духтарон даъват ба амал меоварам, ки қадру қимати худро донанд ва мисли ман чуноне, ки аз аввал беиродаву фармонбари шавҳар будаму оқибат аз дасти ӯ хору залил гардидам, нашаванд.
  
Парвина, аз ш. Қӯрғонтеппа

АНҶОМАШ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД