Салом “Оила”-и азиз! Ростӣ, баъзе занҳои тоҷик баъди он ки бо ягон сабаб аз шавҳар ҷудо мешаванд, даст ба худкушӣ мезананд ё аз аламу дард мубталои саратон шуда мефавтанд, аммо ман аз тоифаи чунин занҳо нестам.
Вақте шавҳарам “се талоқат кардам” гуфт, миҷаам хам нахӯрд, чунки шавҳарам мард не, як номарди дурӯя буду заррае дӯсташ намедоштам.
Баъди шаш моҳ марди дигаре хостгорам шуд, ки хеле инсони ботақво, баномус ва баобрӯ буд. Ӯро аксарият мешиносанд, чунки шахсияти фарҳангӣ аст. Аз шавҳари дуюмам хеле миннатдорам, ки маро аз фарзандам ҷудо накард. Мисли собиқ шавҳарам аз ман талаб намекунад, ки бо куртаҳои танг ва сари луч пеши дӯстону рафиқонаш баромада, бо онҳо салом кунам. Бениҳоят инсони хуб аст. Аз ин мард ду писари дигар ба дунё овардам, алҳол боз ҳомиладорам.
Рӯзе барои ташхис ба беморхона рафтам, ногаҳон дар назди духтур шавҳари собиқамро бо ҳамсари наваш дидам. Баъди онҳоро ҷавоб додан, духтурзан ба ман рӯ оварда гуфт: “Ин бечораҳо ҳарчанд табобат гирифта истодаанд, аммо ҳеҷ самар надода истодааст.
Аҷибаш дар он аст, ки мард аз ҳамсари аввалааш фарзанд дорад, аммо айни ҳол ташхис нишон дода истодааст, ки аз ин мард дигар фарзанд намешавад. Борҳо фаҳмонидем, ки шояд фарзанди зани аввалааш аз ӯ набошад, аммо ӯ такрор ба такрор мегӯяд, ки ман ба ҳамсари аввалаам сад дар сад боварӣ дорам, ки ҳаргиз ба ман хиёнат накардааст”. Аз гапҳои духтур дарк намудам, ки шавҳари собиқам пушаймон шудааст. Аммо дигар чора нест. Мақсад аз нома навиштани ман он нест, ки ба ҳоли бефарзандиаш хандам. Маро чизи дигар азият медиҳад. Рӯзе, ки шавҳари собиқам маро бо фарзандам аз дар берун намуд, дар дилам оҳ кашида будам, ки “Худоё, ин мардро бо чунин ношукрияш ба нохуни фарзанд зор кун ва аввалину охирин фарзанди доштагиаш ҳамин писари ман бошад”. Бо чунин тавалло аз остонаи дари шавҳарам баромада будам. Имрӯз пушаймонам, ки дар вақташ чунин дуои бад кардам. Зеро ба касе бадӣ кардан намехоҳам.
Нафиса