Formula september
Шавҳарамро духтарон медузданд
04.09.2023
ОИЛА
1719

Ман як ҷавонзани шаҳрӣ, зебо, коргар, дорои маълумоти олӣ ва соҳиби ду фарзанди дӯстрӯ ҳастам.

 

Бо шавҳарам муддати 10 сол зиндагӣ дорем, дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорем, хонаву дари обод, мошин, бӯстонсаро ва шавҳарам чанд мағозаи шахсӣ низ дорад.

Шавҳарам марди зебои хушқаду қомати саховатманд ва хеле ботарбия аст. Ростӣ, агар дар ҳусн қиёс кунем, шавҳарам аз ман дида зеботар аст.

Ҳар боре ҳамроҳ ба тарабхона, мағоза ё дигар мавзеъҳои пуродам меравем, нигоҳи пурҳаваси бонувону духтаронро дида, аз рашк дарун ба дарун месӯзам.

Чанд маротиба ҳангоми дар тарабхона нишастанамон духтарон дар пеши чашмам ба назди шавҳарам омада, рақами телефон доданӣ мешаванд.

Духтарон то андозае ба шарму бе ҳаё шудаанд, ки дар пеши чашми ман, зани никоҳии шавҳарам беибо ба наздамон омада, ба чашмаш нигоҳ карда меистанд ё бо баҳонае ҳамсуҳбат шудан мехоҳанд.

Шояд шумо гумон кунед, ки шавҳарам худаш гунаҳкор асту ба ин бонувон имкон медиҳад ё чашмакӣ мезанаду ягон ишора мекунад, лекин дар асл чунин нест. Бо чашми сар мебинам, ки шавҳарам ба ягон духтар нигоҳ намекунад, вале духтарон ӯро ба ҷону ҳолаш намегузоранд.

Ҳар боре ҳамроҳ ба кӯча бароем, ман асабӣ шуда, бо ашки шашқатор ба хона бармегардам. Ҳарчанд шавҳарам маро ором кунонида мегӯяд, ки дилпур бошам, ӯ ҳеҷ гоҳ ба ман хиёнат намекунад, вале рашки ҷонсӯз маро ором намегузорад.

Модоме, ки духтарон шавҳарамро дар пеши чашмам шикор карданӣ мешаванд, дар набудани ман бо ӯ чӣ кор мекарда бошанд, намедонам.


Дилам хавотир аст, метарсам, ки ин духтарони беҳаё, ки бо ҳазор усулу ҳилла худро орову торо дода, мардони пулдорро шикор мекунанд, билохира падари фарзандонамро аз ман медузданд.

Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, барои аз даст надодани шавҳарам чӣ кор кунам?
Ҳ.Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Инра 2023-09-08, 16:06
Дар куни шавҳарът
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Инра 2023-09-08, 16:06
Дар куни шавҳарът
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД