Мусибат
Зиндагии шодонаи моро марги муфоҷои Дилшод ба ғуссазор табдил дод. Дилшод як шом ҳангоми аз ноҳия ба шаҳр омадан, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, ҳалок шуд ва дидаҳои моро пурхун кард. Ману Салмон чил рўз бо Садафу тифлаконаш будем, баъд оҳиста-оҳиста ҳама пайи зиндагияш шуданд. Салмон бошад, зиёд ба хонаи рафиқи ҷавонмаргаш мерафт. Мехост роҳҳои тиҷоратро ба Садаф, ки ҳама тиҷорати шавҳарро мерос гирифта буд, омўзонад. Ман парво надоштам, вале писари калониям, ки даҳ сол дошт, қаҳраш омада мегуфт:
- Аз хонаи худамон дида, падарам зиёдтар дар хонаи Асалино меистад. Асалу Мино духтарони Садаф буданд. Ман ба писараам мегуфтам, ки “ҳеҷ гап не, онҳо мусибат доранд”. Баъдҳо дили худам ҳам дур мерафтагӣ шуд, чунки Садаф умуман зани дигар шуда буд. Ростӣ, ман аз аввал мошин мерондаму замонавӣ мегаштам, аммо Дилшод занашро аз деҳа оварда буд ва ба ў иҷозати мошин ронданду бе рўймол гаштанро намедод. Ман ҳам ба Садаф ҳавасам рафта, либосҳои миллӣ мепўшидагӣ шудам. Баъди як соли марги Дилшод Садафро шинохта намешуд, ў ба тарҳи чеҳрааш тағиротҳои зиёд дароварда, сари чамбараки мошини хориҷӣ мисли моделҳо мегашт. Корам бисёр гуфта, бо ман ҳам муносибаташро кам кард, Салмон бошад, ҳамоно бо ин «ғамзада» банд буд. Боре ба шавҳарам гуфтам, ки “дигар бе ман ба хонаи Садаф нарав, хуб нест ва тавре мушоҳида мекунам, ў ба ёрии ту дигар ниёз надорад”. Шавҳарам худро бепарво гирифта, “майлаш” гуфт, вале дидам, ки суп-сурх шуд…
Кӯрнамак
Баъди ин гуфтугўямон Салмон дар як ҳафта се чор шаб намеомад, бо баҳонаи “бояд бор гирам”, “борҳоро тақсим кунам” ва сад баҳонаи дигар. Зуд-зуд ба муҳлати як ду ҳафта ба хориҷа мерафт ва ман фаҳмидам, ки таги коса нимкосае аст. Як шаб Салмон занг зада гуфт:
- Роз, ман имшаб намеоям, борҳоро гирифтан лозим, бачаҳо танҳоянд.
“Хуб” гуфтаму ба ў барори кор хостам ва зуд ба Садаф занг задам, вале телефонаш банд буд, баъдтар ў занг зада, аҳвол пурсиду гуфт, ки ба деҳа, ба ҷанозаи як хешашон рафтааст. Ман телефони зани бародари калонияшро медонистам, аввалҳо ҳар гоҳе ба деҳа биёяд, ба хонаи мо меомад ва ман ҳам борҳо ба хонаашон рафта будам. Рақамҳоро чидаму зуд янгаи Чилламоҳ телефонашро бардошт. Бо ў хеле гуфтугў кардам, ў аз ман аҳволи Садафро пурсиду гуфт, ки баъди марги Дилшод бемеҳр шудааст ё кораш бисёр, ки ба деҳа намеояд. Ман ба саволам ҷавоб гирифтаму дигар чизе напурсида, ба мошин нишаста, ба ҳавлии Садаф рафтам. Азбаски коди дарбачаашро медонистам, онро задаму ворди ҳавлӣ шудам, дар бари мошини Садаф мошини Салмон меистод. Бовар кунед, дар ҳамин ҳол ҳам дар дилам як шуълаяки умед буд, ки шояд Садаф аз шавҳарам ёрие пурсидаасту ӯ ба хонааш омадааст, вале чун ба хона даромадам, манзараеро дидам, ки…
Шавҳарам таги як футболкаю шорт рўйи дивани ошхона писта хўрда, телевизор медиду сари Садаф болои пойҳояш телефонбозӣ дошт. Дар ҷоям шах шудам, онҳо ончунон ором буданд, ки гўё дар дунё Дилшод гуфтанӣ ҷавонмарди ҷавонмарг ва Розия гуфтани зани сода умуман вуҷуд надорад. Ба ин ду кӯрнамак хеле нигоҳ кардаму баъд “ассалому алейкум” гӯён, ба наздашон рафтам.
Берўй
Салмон дар ҷояш шах шуд, Садаф бошад, бепарво аз ҷояш хесту ба шавҳарам нигоҳ карда гуфт:
- Салмон, ба занат фаҳмон, доду фарёд бардошта, духтарони маро натарсонад.
Ман бо оромӣ гуфтам:
- Духтаронат духтарони ту бошанд, аз бало наметарсанд, шин дар ҷоят, ман барои як хиёнаткори кўрнамак ҳаргиз доду фарёд намебардорам, маро тарбияам дигар аст.
Салмон аз ҷояш хесту маро ба оғўш кашида, гуфт:
- Роз, рафтем ба хона, ман ба ту мефаҳмонам.
Ман худро аз оғўши ў раҳо карда, гуфтам:
- Не, ту дигар на Роз дориву на хона! Кўрнамаки хиёнаткор, ҳаром, арвоҳи Дилшод занад ҳардуи шуморо!
Салмон маро сари чанбарак нишастан намонд ва худаш мошинро ронда, то хона овард, ман ўро дигар ба хонаам роҳ надодам. Мо ҷудо шудем, ман аз додарам хоҳиш кардам, ки як хонаи холияшро диҳад, то он ҷо каме бо худ бошам…
Аз байн даҳ сол гузашт, ман ба рағми шавҳари намакношиносам тиҷорати худро кушодам ва имрўз ҳазорон бор пешсафтар аз ў ҳастам, писаронам бо падарашон рафтуомад доранд. Ӯ хеле кўшиш кард, ки як писарамон духтари Садафро гирад, вале розӣ нашуданд. Ман Шаҳлову Шифо, дугоникҳои додари калониямро келин карда, ба хона овардам. Мисли ситораҳо худро орову торо намедиҳам, аммо зани зебо ҳастам ва хушдорони зиёде дорам, аммо умрамро ба писаронаму кору тиҷоратам бахшидам. Ҳамсарам то ҳол кӯшиш мекунад, ки аз нав маро ба никоҳи худ дарорад, аммо рўяшро дидан намехоҳам. Баъди ҳамин кори разилонааш ҳам ман боре ўро бад нагуфтам ва ба Худо супоридамаш, шунидам, ки ҳолаш табоҳ аст, бемории қанд ўро дарун ба дарун мехўрад, вале дилам барояш намесўзад ва мисли модарам мегўям, дасти мо намак надоштааст…
Нисо ХОЛИД