Formula novemver 2024
Шавҳарам зани баҷоӣ дорад, вале...
18.10.2023
Mirsaid
2010

Салом! Ман як зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта,бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале тақдир барои марди дӯстдоштаам писар таваллуд карданро ба ман насиб надид. Ҳар дафъаи ҳомиладориам худоро зорӣ мекардам, ки ба ман як шоҳписар диҳад, аммо боз духтар тавалуд мекардам.

Шавҳарам аввалҳо “духтару писар ҳамааш доди худованд аст” гӯён, маро дилбардорӣ мекард, вале баъди тавлиди духтари сеюмам гоҳ-гоҳ таъна мезадагӣ шуд, ки ту фақат духтар ба дунё меорӣ. Мегуфтам, ки ҳой мардак, ношукрӣ накунед, охир баъзе одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале худованд ба онҳо на писар медиҳаду на духтар, аммо шавҳари духтарбезорам ҳар бори таваллуд карданам қаҳр карда, чанд рӯз ба таваллудхона намеомад ва баъди ба хона баргаштан низ «занак, ту аз духтарзоӣ кай сер мешавӣ?! Ақалан як бача кун!» гуфта, ба дилам неш мезад. Худ ба худ мегуфтам, ки агар Худованд писар ё духтар зоиданро ба ихтиёри худи зан мемонд, якто не, даҳ бача мекардам, вале фарзанд доди Худост, хоҳад медиҳад, нахоҳад не, охир ман чи кор кунам...

Хулласи калом, солҳо турнасон гузаштанд ва ман бо умеди ақаллан як писар таваллуд кардан пай дар пай шаш духтари зебои заркокулро ба дунё овардам. Рафта-рафта шавҳарам, ки дар шаҳр кор мекард, баъзан шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд, вале ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падари фарзандонам бо касе ишќварзӣ мекунад ё шояд зани дигар гирифта бошад.

Рӯзе ҷиянам Мафтуна, ки дар корхонаи шавҳарам котиба шуда кор мекард, беҷуръатона гуфт: «Амаҷон, ҳар рӯз як зани зебо ба назди язнаам меояд. Шумо намедонед, ки он занак кист?»

Асабонӣ шуда бошам ҳам, сир бой надода гуфтам: «Ягон шиносашон будагист-дия, аҳамият надеҳ!»

Ду рӯз пас шавҳарам ба хона омад ва ҳисси кунҷкобиям боло гирифта пурсидам: «Мардакҷон, росташро гӯед, шумо ягон бор ба ман хиёнат кардаед ё не?» Рангаш канда бошад ҳам, ҳозирҷавобӣ намуда, гуфт: «Магар зани худам ягон айб дорад, ки аз паси дигар беваҳо давида гардам?!»

Дилам аз ин ҷавоби шавҳарам каме ором гирифт, вале ҳамон шаб ба телефони дастии падари бачаҳоям аз раќами ношиносе занг омад. Бедораш кардам. Шавҳарам телефонро гирифта ба берун баромад. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дод ва ноаён аз паси дар гапашро гӯш кардам. «Барои чи дар як поси шаб ба ман занг задӣ?! Ќариб монда буд, ки занам фаҳмад! Ту характери зани маро намедонӣ, вай чунон зани шаттоҳу бадтол аст, ки дар сарат чормаѓз мешиканад. Худо накарда асли гапро фаҳмад, балои азимеро ба сари ҳардуямон мебиёрад. Аз ҷак-ҷаки ин занаки серҷоѓ кайҳо безор шудаам, вале ҷойи гурез намеёбам. Дасту дилам аз зиндагӣ бо вай хунук шудааст, лекин дигар илоҷ надорам. Духтарҳоям калон шудаанд, агар онҳоро партофта равам, мардум ба ҳолам механданд» мегуфт шавҳарам.

Фаҳмидам, ки падари фарзандонам дар шаҳр зани баҷойӣ доштааст. Ҳамон шаб то саҳар гиря кардам, аммо ба касе сир бой надодам. Намедонам чӣ кор кунам? Рашк чунон дилу ҷигарамро месӯзад, ки мехоҳам рафта зани дуюми шавҳарамро пора-пора кунам, вале хотири шаш духтарам боз астағфуриллоҳ мегӯям. Метарсам, ки агар барои дар болои ман зан гирифтанаш бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунам, ҷавоби маро медиҳад ва духтарҳоям бе падар мешаванд.

Хонандагони рӯзгордидаи сомонаи Оила. тч илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Суроғаашро ёфта, ба сари зани дуюми шавҳарам равам ё ба хотири бе падар нашудани духтарҳоям худамро ба кӯрию карӣ зада гардам?

Манзура аз н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Саида 2023-10-18, 14:13
Сабр кун,хоҳаракам, фақат сабр! Ҳамааш мегузарад. Ҳоло шавҳарат намедонад, ки ту огаҳӣ ва эҳтиёт мекунад. Агар донад, ки медонӣ пас рӯирост кор мегирад ва мабодо бигӯяд, ки "Ҳа, ҳамин хел, хоҳӣ ист, нахоҳӣ рав!"
Посух
ДИЛБАР 2023-10-21, 23:54
Не хохари чон ба хеч кучо нарав ба сари он зани беномус аз пушти шавхари хиёнаткорат кучо мерави хозир хама мардон хаминхел зану кудаки худашонро паст зада дар назди занхои беномус онхоро зан мекунанд .Охир онхо нангу номус надоранд аз сахар то бегох бо онхо чанг куни тана куни парвое надорад танхо шиорашон гур сузаду дег чушад хеч гох гам нахур худатро касали накун ба Аллох супораш худаш саришта кунад як сол гам мехури мегзарад кин аст медонам хамтагдирем и рузхо аз сари мо хам гузаштааст ман садака кардам гуфтам рав аз ман боло ёфти ош шавад лекин зиндаги чунон мачакаш кардааст ки дар чавони пир шудаст афгор зиндагии хуш надорад он занхо барои кисашон истифода мебаранд окибат бекадр шуда дар куча мемонад бо зикри Аллох бош доимо зик шуди таспехро гиру субхоналлох астахфуриллох ло илоха илалох гуй сабук мешави сабр кун Аллох бузург аст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД