Commerce bank may-june 2026
Шавҳарам зан гирифту...
05.07.2026
Oila.tj
44

Бо чашмони пур аз ашк ин номаро менависам. Намедонам дарди ман дармон дорад ё не, аммо мехоҳам дарди диламро ба касе бигӯям.

Солҳои беҳтарини умрамро барои шавҳарам ва фарзандонам бахшидам. Субҳ то шом заҳмат кашидам, то дар хона камбудие набошад. Дар бозор майда-чуйда мефурӯшам, то рӯзгори фарзандонам пеш равад. Фикр мекардам меҳнатам рӯзе қадр мешавад, аммо баръакс, имрӯз ҳамсар ва ҳатто фарзандонам маро гунаҳгор мекунанд.

Шавҳарам, ки солҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ кардем, ногаҳон зани ҷавон гирифт ва аз хона баромада рафт. На танҳо маро, балки фарзандонашро низ фаромӯш кард. Ҳоло бошад, ду писари калониам мегӯянд, ки агар ман бештар дар хона мемондам ва шавҳарамро «соҳибӣ» мекардам, ӯ ба зани дигар намерафт.

Ин суханон аз ҳама бештар диламро месӯзонанд. Магар зан барои ризқу рӯзии фарзандонаш меҳнат кунад, гунаҳкор мешавад? Магар ман барои худ дар бозор меистодам? Ҳар рӯз аз субҳ то шом барои таъмини ҳамин хонадон заҳмат мекашидам.

Бо вуҷуди ранҷиш чандин бор ғурурамро зери по гузошта, ба шавҳарам занг задам. Илтимос кардам, ки ба хотири фарзандонаш баргардад. Вале ӯ бо тамасхур гуфт: «Нав аз шумоён халос шудам», баъд телефонро хомӯш кард.

Аз ҳама аламовараш он аст, ки ӯ ҳатто масъулияти падариро иҷро кардан намехоҳад. Пули таҳсили писари хурдиамро намедиҳад, қарзи духтарамро пардохт намекунад. Фарзандонам ҳар рӯз аз ман пул талаб мекунанд ва ман намедонам аз куҷо ёбам.

Баъзан шабҳо то саҳар бедор мешинам. Аз худ мепурсам: магар тамоми умрамро беҳуда сарф кардам? Магар зане, ки ҷавониашро барои оила фидо кардааст, бояд дар пирӣ чунин танҳо ва таҳқиршуда монад?

Бо ашки шашқатор, САВРИНИСО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД