Саломи худро ба тамоми ҳаводорону хонандагони ҳафтаномаи "Оила" мерасонам. Марҷона (ном иваз шудааст) ҳастам, зодаи шаҳри Кулоб. Саргузашти талхамро ба шумо нақл карда, умедворам, ки ба ман маслиҳати оқилона медиҳед.
Тақдири талхи ман 6 сол пеш оғоз шуда буд. Давраҳои мактабӣ, вақте дар синфи 10-ум таҳсил мекардам, ба Мансур ном ҷавоне сахт ошиқ будам, ӯ низ маро дӯст медошт. Мансур он замон дар курси 2-юм таҳсил мекард ва дар ҳамсоягии мо мезист. Он давраҳо худро хушбахти дунё мешуморидам, бехабар аз он ки тақдири талхе дар пеш маро интизор аст. Мансур қавл дода буд, ки баъди хатми мактаб бо ман оиладор мешавад. Медонистам, ки волидонам маро ба донишгоҳ дохил шудан намегузоранд. Аз ин рӯ, давом додани таҳсилро орзу ҳам намекардам, ҳушу хаёлам фақат ба Мансур банд буду ягона орзуям бо ӯ оиладор шудан ва бесаброна тамом шудани мактабро интизор будам.
Ҳангоме, ки мактаби миёнаро хатм кардам, Мансур волидонашро ба хостгории ман фиристод. Мо ҳар ду аз хурсандии зиёд дар куртаамон намеғунҷидем. Ба висоли ҳам мерасем гӯён, хаёлан қасри хушбахтӣ бунёд менамудем. Аммо хурсандии мо дер давом накард. Аз сабабе, ки Мансур аз оилаи сарватманд набуд, падару модари ман ба ин издивоҷ розӣ нашуданд. Мо хеле кӯшиш кардем, аммо бе натиҷа буд. Ҳатто гирёну нолон ба назди волидонам рафта фаҳмондам, ки мо якдигарамонро сахт дӯст медорем. Тавалло намудам, ки наздиконам ба издивоҷи мо розӣ шаванд, аммо маро зери мушту лагад қарор доданд.
Ҳаёт дар назарам тираву тор гашта буд ва чӣкор карданамро намедонистам. Баъд аз чанде маро маҷбуран бо Шаҳбоз ном ҷавоне, аниқтараш марди зандидае, ки сарватманд буд, фотиҳа карданд. Аз сабабе, ки молу сарват чашми волидони маро кӯр карда буд, онҳо ҳатто нахостанд фаҳманд, ки шавҳаршавандаам ва оилаашон чӣ гуна одамон ҳастанд. Дар давоми як ҳафта тӯй карда, маро ба хонаи бахт равон карданд.
Аз рӯзи аввали оиладориам рӯзи сиёҳ доштам. Шавҳарам бо модараш ҳамроҳи ман чун бо каниз рафтор карда, сахт азобам медоданд. Солҳову моҳҳо мегузаштанд ва ман дардамро ба касе гуфта наметавонистам.
Баъди муддате соҳиби духтарчаи дустрўяк гаштем. Хеле хурсанд будам, гумон кардам, ки баъди фарзанддор шуданамон рафтори шавҳару хушдоманам бо ман беҳтар мегардад. Аммо муносибати шавҳарам нисбат ба ман рӯз то рӯз бадтар мешуду хубтар не, ҳатто ба фарзандамон аҳамият намедод. Бо баҳонаи он, ки кӯдак бисёр гиря мекунад, шабҳо ба хона намеомад. Нашъамандиву ба қавле бевабозиаш дар берун бас набуд, ки боз "хонумчаҳояш" - ро ба хона меовардагӣ шуду маро маҷбур мекард, ки ба онҳо ҳуҷраи хоб омода созам.
Ҳар шаб ҳамин аҳвол буд. Мабодо агар чизе мегуфтам, маро лату кӯб мекард. Рӯзе ҷонам ба лабам расиду бо ӯ ҷанҷол кардам. Маст буд ва ба ғазаб омада "ту худат кӣ ҳастӣ, ки дар сари ман зўрӣмекунӣ?" гӯён, корди ошхонаро гирифта, аз пушт ба китфи ростам 3 маротиба заду рафт. Ҷонамро мисли саг кашолакунон назди хушдоманам рафтам, ӯ маро ғарқи хун дида, сахт тарсид ва ба беморхона бурд. Аз сабабе, ки ҳамаи духтурон ба қавле шиносҳояшон буданд, ин ҳодисаро ба милиса хабар надоданд. Субҳ ҳангоме, ки ба ҳуш омадам, хушдоманам ва шавҳарам дар болои сарам буданд ва таҳдид карда гуфтанд, ки агар ба милисаҳо чизе гӯям ва ё шикоят намоям, дигар рӯи духтарамро дида наметавонам. Аз тарси он ки дигар духтарамро намебинам, аз шикоят кардан даст кашидам.
Баъди чанде маро ба хона бурданд ва боз ҳамон аҳвол давом дошт. Боре кўшиш кардам ба падару модарам фаҳмонам, ки ман дар ин хона рӯзи сиёҳ дорам ва онҳо омада, маро аз ин ҷаҳаннам наҷот диҳанд, аммо бефоида буд. Аз сабабе, ки шавҳарам дар назди волидони ман худашро "мӯсичаи бегуноҳ" мегирифту бо онҳо хушмуомила буд, ҳар гоҳе ки ба хабаргириашон мерафт, ба ҳар яки онҳо саддолларӣ медоду худашро ширин мекард, падару модарам ба суханони ман бовар накарданд ва баръакс, маро сарзаниш намуданд, ки гуноҳи худат ҳаст, шавҳаратро ҳурмат намекунӣ ва бо ҳамин даҳонамро бастанд. Умедам аз волидонам канда шуд. Айни ҳол духтарчаам 4- сола аст, ман бошам тӯли 6 сол аст, ки бо ин азобҳо зиндагӣдорам. Дар ин дунё ба ҷуз духтарам касеро надорам ва сахт метарсам, ки ӯро ҳам аз даст медиҳам. Ягона умедам шумо ҳастед хонандагони ҳафтаномаи "Оила". Ба ман маслиҳат диҳед, чӣкор кунам?
Марҷона, аз ш. Кулоб