Sebiston new 2024 october
Шавҳарам сиҷинг аст
1920


Ман як сағерадухтари духтари деҳотӣ ҳастам. Баъди хатми омӯзишгоҳи тиббӣ бо ҷавоне якдигарро дӯст дошта, оила барпо намудем.

Маро келин карда, ба як деҳаи дурдаст бурданд. Шавҳарамро сахт дӯст медоштаму бисёр рашк мекардам. Баъди дуюним моҳи зиндагии муштарак бо ҳам ҷанг шудему шавҳарам дар сари қаҳр маро се талоқ кард. Он замон аллакай ҳомиладор будам. Ба хонаи бародарам баргашта, дарҳол тифли батнамро исқоти ҳамл намудам. Дар беморхонае ба кор даромадам, то ки нони худамро ёфта, таънашунави касе нашавам. Ҳамроҳамон зане кор мекард, ки ба ман таваҷҷуҳи зиёд дошт ва билохира маро барои додараш хостгорӣ намуд.

Додараш ду бор зан гирифта, оилавайрон шуда будааст, апааш сабаби ду бор бе бахт шудани додарашро дар бад будани келинҳояшон маънидод намуд. Ману ҷавон якдигарро дида, маъқул кардему оиладор шудем. Баъди ду моҳ шавҳарам рӯ ба муҳоҷират овард. Дар давоми ду моҳ як сири шавҳарам фош шуд. Гап сари он аст, ки шавҳарам дар ҷогаҳи хоб пешоб мекард. Фаҳмидам, ки сабаби ду бор оилавайрон шуданаш дар ҳамин иллат будааст. Модараш иқрор шуд, ки ӯро табобати зиёду дуохонӣ кардаанд, вале шавҳарам аз кӯдакӣ ҷогаҳи хобашро тар мекардааст. Марди 31- сола пешоби худро нигоҳ дошта наметавонист.

Дар давоми ду моҳ дилам ба шавҳарам сӯхта, шабҳо ӯро тез тез бедор мекардам. Ҳатто дар ин бора сабти телефонӣ дорам, зеро метарсам, ки маро туҳматчӣ нагӯянд.Хуллас, шавҳарам ҳоло дар муҳоҷиратаст, вале пайваста маро дашном дода, мегӯяд, ки аз хонаашон баромада равам. Вале ман бори дуюм сиёҳбахт шудан намехоҳам. Чӣ кор кунам?

Таҳияи Ш.Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД