Саломи худро ба кулли хонандагони розшунави “Оила” мерасонам. Мехоҳам каме аз зиндагии худ қисса намуда, аз модарону хоҳарони рӯзгордида маслиҳат бигирам.
Ман дар синни 19-солагӣ бо хоҳиши волидонам бо писари холаам издивоҷ намудам. Аз рӯзи аввали оиладорӣ дарк намудам, ки маро барои шавҳарам неву барои холаам келин карда овардаанд. Аз рӯзхои аввал шавҳарам бо ман муносибати хуб надошту бо ҳар баҳона маро лату кӯб карда, дағаливу дашномҳои қабеҳ медод. Бо ҳамин аҳвол мо соҳиби 2 фарзанд шудем. Дар муддати чанд соли зиндагӣ чанд бор бе сабаб ҷавоби маро дода бошад ҳам, хомӯшона хизмати хушдоманамро карда мегаштам. Баъди бори аввал талоқамро доданаш, як талоқ шудааст гӯён, аз сари нав моро никоҳ карданд ва зиндагиро ба хотири модару холаам давом додам. Шавҳарам ба мисли иҷоранишин буд, на моро мехӯрониду на мепӯшонид. Дӯзандагӣ карда, ниёзҳои худу фарзандонамро таъмин мекардам. Ба хотири Аллоҳ сабр мекардам, то ки фарзандонам бе падар калон нашаванд.
Баъд аз 7 соли зиндагӣ шавҳарам ба Русия сафар намуда, дар муддати 4 соли аз мо дур буданаш на бо ман ва на бо фарзандонаш гап намезаду пул ҳам равон намекард. Дар муддати чор соли набуданаш дар хонаи хушдоман худро хушҳол нишон дода, ба касе лаб ба шиква намебурдам.
Рӯзе фаҳмидам, ки шавҳарам зани рус гирифтааст. Вақте ба ӯ занг зада, ҳақиқатро пурсон шудам, ҷавоби маро дод. Азбаски хушдоманам танҳо буд, баъди ҷавобамро додани шавҳарам як ҳафтаи дигар хонаашонро тарк накардам. Шавҳарам инро фаҳмида, ба модараш занг заду ба ман шунавонида гуфт:
-Чаро то ҳол аз хона дафъ нашудааст, ӯ ба ман даркор нест, ҷавобашро додам!
Баъд аз шунидани ин гап хун ба сарам заду дарҳол кӯдаконамро гирифта, ба хонаи падарам рафтам. Чор моҳ дар хонаи падарам истодам, дар дил умед доштам, ки падари ҷигарбандонам ба хотири фарзандонаш ислоҳ мешаваду моро суроғ мекунад, аммо аз шавҳарам ҳеҷ хату хабар набуд. Бародарам, ки дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунад, ғаму андуҳи маро дида, ману фарзандонамро ба назди худаш овард. Айни замон дар хонаи бародарам зиндагӣ дорам. Хушдоманам ба ҳамаи хешу табор гуфтааст, ки ман бояд ба ҳама кори шавҳарам тоқат мекардам. Ба гуфтаи хушдоманам занҳои дигар аз ин ҳам зиндагии бадтарро аз сар гузаронида, ба ҳамааш тоқат мекунанд. Хонандаи азиз, бори сеюм аст, ки шавҳарам талоқи маро медиҳад, магар бо чунин мард зиндагӣ кардан маънӣ дорад? Магар ман кори хато кардам?
Хонандаи “Оила”