Lmarka 2025
Шавҳарам Русия рафту мисли бегонаҳо шуд (ҚИСМИ 1)
27.04.2025
САДБАРГ
1408

“Меҳр дар чашм асту дар дил” гуфтани мардум беҳуда набудааст. Ман инро дар мисоли тақдири худам мегӯям. Ману шавҳарам - Рустам ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат оила барпо намудем. Ҳардуямон аз як деҳа ҳастем ва ҳанӯз аз замони мактабӣ ҳамдигарро дӯст медоштем. Ишқи мо он қадар бузург буд, ки дар мактаб моро “Фарҳоду Ширин” мегуфтанд, аммо...

Азбаски ҳафт пушти мо одамони сарватманд буданд, аввал падарам хостгории волидони Рустамро қабул накарданд. Модарам, ки аз ишқу муҳаббати мо огоҳӣ доштанд, беҷуръатона “мардак, ин бачаи аз оилаи камбағал бошад ҳам, бачаи хуб менамояд. Мегӯянд, ки донишаш хеле хуб аст, дар донишгоҳ мехондааст, Худо хоҳад роҳашро дар зиндагӣ ёфта, одами калон мешавад” мегуфтанд, вале падарам даст афшонда, “себ аз дарахташ дур намеафтад занак. Албатта, ман ҳеҷ касро паст заданӣ нестам, чунки бою камбағал ҳама бандаи Худоянд, вале ин бачая ҳафт пушташ нони серӣ нахӯрдаанд, метарсам, ки дар хонаи онҳо духтарам як умр азоб мекашад” мегуфтанд.

Хулласи калом, волидони Рустам гаштаву баргашта ҷавоби рад гиранд ҳам, бо исрори писарашон ҳафт маротиба ба хонаи мо хостгорӣ омаданд ва падарам дигар истодагарӣ карда натавониста, ниҳоят бо машварати хешу табор розигӣ доданд.

- Маълум, ки ин бача дар ҳақиқат духтари моро сахт дӯст медоштааст, набошад, духтар қаҳт назадааст, як бор, ду бор, ки не гуфтӣ, пою қадамашонро меканданд. Аз афташ тақдири онҳоро Худованд аз рӯзи азал бо ҳам наивштааст. Такя ба Худои меҳрубон карда, фотиҳаи нек деҳ, ки духтарат бо ҳамин ҷавон хушбахт шавад. Ризқи ҷавонмард дар кафи дасташ аст мегӯянд. Мард нангу номус дошта бошад, соҳиби ҳама чиз мешавад ва ҳаргиз намегузорад, ки оилааш азоб кашад”,-падарамро насиҳат карданд бобоям ва ҳамин тавр моро фотиҳа карданд.

Тарафи домод чандон ҷиҳози кироӣ наоварда буданд, аммо падарам тамоми хароҷотро бар дӯши худ гирифта, тӯйи калоне оростанд ва маро бо обрӯ ба хонаи шавҳарам гусел карданд.

Зиндагиамон шоҳона набошад ҳам, худамро хушбахт ҳис мекардам, чунки Рустам маро дар ҳақиқат дӯст медошт. Мани нозпарвард, ки дар хонаи падарам гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшидам, ба хонаи хушдоманам бо кадушӯрбою карамшӯрбо рӯз мегузарондам, аммо ҳеҷ гоҳ лаб ба шикоят намекушодам, зеро ишқу муҳаббати шавҳарам бароям аз ҳама чиз болотар буд.

Бо ҳамин минвол, аз байн 10 сол гузашта, мо соҳиби чор фарзанди гул барин зебо шудем. Дар ин миён, шавҳарам бо кумаки хешу табори ман ба мартабаҳои баланд расида, соҳиби ному нон гашт ва ба қавли хушдоманам “ба қатори одамон даромад”, вале баъд, бо дасти худаш ҳама чизро барбод дод.

Ман баъди се соли зиндагиамон ду писарчаи дугоник таваллуд кардам ва падарам ба мо хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа карда буданд. “Нафси бад-балои ҷон” гуфтагӣ барин, шавҳарам ба додаҳои Худованд қаноат накарда, баъди соҳиби хонаи алоҳида гаштанамон бо тиҷорат машғул шудан хоста, хонаеро, ки падарам туҳфа карда буданд, аз ману волидонам пинҳонӣ дар бонк гарав монда, пули калон гирифтааст. Аз рӯйи гапи худаш мехостааст ҳамроҳи кадом як ошнояш бо бизнес машғул шавад, вале дӯсташ ба пӯсти шавҳарам коҳ ҷой карда, пулро гирифта, бе ному нишон ғайб задааст. Талошҳои шавҳарам барои пайдо кардани дӯсти маккораш натиҷа надоданд, оқибат бонк хонаро кашида гирифту мо дар кӯча монда, овораю дар ба дар шудем. Ба ғайр аз бонк, шавҳарам боз аз чанд каси дигар қарз гирифта будааст, қарздорон ҳар рӯз ба сараш меомаданд ва ӯ маҷбур шуд, ки роҳи Русияро пеш бигирад.

(Давом дорад)

САДБАРГ, шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД