Вақте мактаби миёнаро хатм кардам, маро ба шавҳар доданд. Домодро дар таги чодар дида будам. Аз зиндагии муштараки мо 10 сол сипарӣ гашту соҳиби ду писар ҳастам.
Дар зиндагӣ ягон камбудии ҷиддӣ надорам. Шавҳарам дар яке аз идораҳои давлатӣ кор мекунад. Ҳар вақте аз кор дер меомад, дилбардорӣ карда мегуфтам, ки кори давлат ҳамин хел аст, гоҳ барвақт аз кор мебарояду гоҳи дигар дер, шумо соатҳои 9-10-и шаб биёед ҳам, ман розиам. Фикр мекардам, ки ин дастгирии ман шавҳарамро ба зиндагӣ дилгарм ва меҳру муҳаббаташро бештар мегардонад, вале хато кардам.
Муддати як сол мешавад, ки ҳар шаб соати 1-2 ба хона меояд ва ҳатто таҳдид мекунад, ки як коре карда дарро кушо, ки овозаш набарояду падарам нафаҳмад, ки ман дер омадам.
Дар зиндагии ҳар як инсон камбудию норасогиҳо мешавад. Ҳолатҳое шуда буд, ки шавҳарам дар сарам чизҳои хонаро зада шикаста буд ва ҷанҷоли сахт шуда будем, вале боре на ба хусурам ва на ба хонаводаи худамон шикоят накардаам. Ҳамеша тавре вонамуд мекунам, ки гӯё аз зиндагиам розӣ ҳастам.
Хушдоманам аз сар гузашта, хусуруам зани дигар гирифтааст, аз ҳамин сабаб метарсам, ки ба ӯ дарди дил кунам. Фикр мекунам, ки шояд баъди нақли зиндагиам хандахароши хешу таборон мешавам.
Ростӣ ба шавҳарам бовар доштам, вале вақтҳои охир ҳар шаб соатҳои 1-2-и шаб ба хона меояд. Намегузорад, ки телефонашро гирам, онро бо код маҳкам кардааст. Чизе пурсам, ба сарам дод мезанад, ки аз ман напурс, корат набошад. Нимҳои шаб касе занг мезанад ва шавҳарам телефонашро гирифита ба берун мебарояд. Пас аз суҳбати баҳона пеш меорад, ки гӯё зани ҷӯрааш занг зад ва шавҳараш маст будаасту хоҳиш кард, ки ӯро ба беморхона барад, вале ман ба ин гапҳо бовар намекунам.
Чандин маротиба пеши худ мақсад гузоштам, ки дигар намепурсам, ки чаро дер меоӣ, чӣ кор мекунӣ? Бигзор чӣ коре мекунад, кардан гирад, вале боз ҳам дилам ором намегирад, охир ӯ шавҳарам аст, падари фарзандонам аст, чӣ тавр худро ба карию кӯрӣ зада, чизе напурсам?
Аз фикру андешаи зиёд асабҳоям хаста шудаанд. Духтур баъд аз муоина гуфт, ки асабҳоят мисли занҳои солхӯрда шудааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Хонандаи доимии Oila.tj