Зиндагӣ бо шавҳари майзадаву баддаҳон ҷаҳаннамро мемонад, ки кас дар он як умр азоб мекашад ва ҳаргиз рӯзи хушро намебинад.
Мутаассифона, аз чунин зиндагии сагона мани сарсахт низ бенасиб нестам. Имсол бист сол мешавад, ки ману шавҳарам зиндагии якҷоя дорем ва се фарзандамон, ду духтару як писар самараи зиндагии муштаракамонанд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вазъият ҳамин гуна буд, ки духтаронро напурсида, ба касе рост омад, ба шавҳар медоданд. Маро низ ба писари ҳамсоя фотиҳа карданд, ҳарчанд ҳама аъзои хонаводаамон медонистанд, ки оилаи онҳо хубу намунавӣ нест. Аммо дар давраи ҷанг ин гапҳо гӯиё барои касе муҳиму аввалиндараҷа набуд. Шавҳарам маълумоти олӣ дорад, дар мактаб муаллим шуда кор мекунад, вале ягон хислату рафтораш ба омӯзгор монанд нест. Мудом аз кор ба хона масту аласт, либосҳояш пур аз обу лой бармегардад. Ду фарзанди калониамон, ки аллакай қадрасу боақланд, аз пушти шаробнӯшии падарашон дар миёни мардум бо сари баланд гашта наметавонанд. Ҳар гоҳ, ки ба хона маст ояд, ҳатман маро зери мушту лагад мегирад. Бист сол пеш мегуфтанд, ки ҷавон асту ҷавонӣ мекунад ва ислоҳ хоҳад шуд, аммо бо гузашти бист сол, ҳоли ман ҳамон аст, ки буд. Аз зарби мушту лагади шавҳари бадмасту майзадаам касалӣ шудаам.
Сарамро боло карда наметавонам. Ҳамин, ки сарамро боло кунам, пеши чашмонам сиёҳ шуда, ҳолам бад мешавад ва аз худ бехуд мешавам. Маълумоти олӣ надорам ва чанд маротиба хостам, ки ақаллан ба ҳайси фаррош дар ягон ҷо ба кор дароям, лекин шавҳарам иҷозат намедиҳад. На мегузорад, ки кор кунам, на зиндагиро пурра таъмин мекунад. Пули ёфтаашро ба арақнӯшӣ сарф мекунад. Духтари калониам мактабро хатм кардаву қадрас шудааст, аммо шавҳарам ҳамаи хостгоронро ноумед карда, аз остонаи дар ҷавоб медиҳад. Дар ин синну соле, ки ҳастам, аз ӯ ҷудо шуданро ба худ эб намебинам. Намедонам, ки бо кадом роҳу восита ӯро аз ин роҳи бад баргардонам, ки дигар шаробнӯшӣ накунад. Шояд хонандагони “Оила” ба ман маслиҳат медиҳанд?
Ҳадиса, хонандаи “Оила”