Formula novemver 2024
ШАВҲАРАМ ДАР ОРЗУИ ФАРЗАНД ҶОН ДОД
08.01.2021
ОИЛА
3766


Дар ноҳияи Қумсангир зиндагӣ мекунам. Синну солам ба ҷое расидаасту то ҳол ягон писар надорам. Шавҳарам аз алам ҳар рӯз шароб менӯшиду барои бача накарданам маро зери мушту лагад мегирифт. Бо панду насиҳат як сол ӯро аз шароб дур кардем. Намозхон шуданаш зиндагиамонро бобаракат кард.

Дар байни як сол зиндагӣ ранги дигар гирифт ва ҳатто аз пули пасандозамон мошин харидем, вале камбағалро дар болои уштур саг мегазад гуфтгӣ барин, боз гурги тездандони бадбахтӣ аз поямон дошт. Дар ҷашни наврӯз корхонае, ки шавҳарам он ҷо фаъолият дошт, бозии футбол эълон кард. Коргарон не, писарҳояшон бояд футболбозӣ мекарданд. Шавҳари ман, ки писар надошт, аламаш омада боз ғами дилашро бо шароб паст мекардагӣ шуд. Акнун боз мисли пештара ҳар рӯз ба хона маст омада, маро лагадкӯб мекард.

Барои майхорагиаш шавҳарамро оқибат аз кор ронданд. Бекорӣ болои сӯхта намакоб гашт, акнун шавҳарам шаб ҳам шароб менӯшиду рӯз ҳам, эрод бигирам, дод зада мегуфт, ки ӯро ман ба ҳамин ҳол расондаам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, шавҳарамро аз роҳи бад гардонда натавонистам. Билохира рӯзе мастомаст болои бом сигоркашӣ баромаду пояш лағжида афтида мурд.

Шавҳарам аз олам гузашту ман то ҳол худамро дар марги ӯ гунаҳкор шумурда, азоби рӯҳӣ мекашам. Мефаҳмам, ки фарзанд доди худост, хоҳад духтар медиҳад, хоҳад писар, нахоҳад умуман нохуни тифлро намебинӣ, вале ғами аз алами бефарзандӣ рӯ ба шароб оварда, билохира аз ин дунё ноумед рафтани шавҳарам оромам намегузорад. Худамро бахшида наметавонам, ҳарчанд гуноҳамро намедонам.

Ин номаро ба  сомонаи «Оила» барои он навиштам, ки занҳои ҳамтақдири ман бо кадом роҳе, ки набошад, шавҳаронашонро аз роҳи бади шаробхорагӣ баргардонанд, то рӯзе пушти дасташонро ба дандон нагазанд.
Пирова Хосият, аз н. Қумсангир.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД