Sebiston new 2024 october
Шавҳарам дар болоям зан мегирад, агар...
2488


Салом дӯстони азиз. Ман модари ҳашт фарзанд ҳастам. 8 духтари дӯстрӯ дорам, вале бо сабаби он ки ҳеҷ писардор намешавам, мудом аз шавҳарам гап мешунавам.

Ҳоло боз ҳомиладорам. Шавҳарам дар муҳоҷират қарор дорад. Дирӯз паёмак навиштааст, ки агар бори нуҳум духтар таваллуд кунӣ, туро сар медиҳам ё аз болоят зан мегирам.

Ман дар посух чизе нанавиштаму субҳи барвақт роҳи беморхонаро пеш гирифтам. Ташхиси ултрасадо нишон дод, ки тифли батнам боз духтар аст.

Ҳар шаб дар намозҳоям дуо мекунам, ки агар тифлам духтар бошад, Худованд ба писар мубаддал гардонад. Ман шавҳарамро сахт дӯст медорам, агар падари фарзандонам зани дигар гирад, аз ғаму дард мемирам.

Хушдоманам маро дилбардорӣ карда мегӯяд, ки зиқӣ накунам. Шавҳарам бошад, қасам хӯрд, ки ин дафъа зани дигар мегирад. Дишаб хоб дидам, ки духтар таваллуд кардааму онро бо писарча иваз кардаам.

Тарсида аз хоб бедор шудам. Дарди диламро дар ин ҷо ба он хотир фош кардам, ки каме сабук шавам. Хусурам баъзан шавҳарамро таъна мекунад, ки ту писар надорӣ.

Ман мефаҳмам, ки ҳар мард орзуи писар доштанро дорад ва ман ҳам баробари шавҳарам аз писар надоштанамон ранҷ мекашам, вале магар айб танҳо дар ман аст? Хонандагони розшунави “Оила”, хоҳишмандам маслиҳати худро аз ман дареғ надоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД