Салом! Сурайё ҳастам, як муҳоҷирзани тоҷик аз шаҳри Барнаули Россия. Қашшоқӣ ва мушкилиҳои зиндагӣ маро маҷбур намуд, ки фарзандонамро партофта, роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш бигирам.
Ман мисли дигар занҳо бешавҳар нестам, шукри Худо соҳиби шавҳар ва 4 фарзанд ҳастам, вале бо сабаби танбалии падари бачаҳоям, зан бошам ҳам, маҷбур шудам, ки лаҷоми зиндагиро ба дасти худ гирам.
Аслан гапи хонаро ба кӯча баровардан хуб нест, вале тавре ки дар урфият мегӯянд: “кӯза, ки пур шуд, оқибат мерезад”, косаи сабру тоқати ман ман низ лабрез гашта, маҷбур шудам саргузаштамро нақл кунам, то ки ба дигарон дарси ибрат шавад.
Шавҳари ман ҳамчун инсон чандон одами бад нест, вай мисли дигар мардҳо ба сари зан даст намебардорад, дашному ҳақорат намедиҳад, аммо як одати бад дорад, бисёр мардит бепарво ва танбал аст. Мо хонаю дар набоштем, иҷора менишастем, вале шавҳарам “кор нест” гӯён, моҳҳо аз хона набаромада, телевизор тамошо карда менишаст. Сад бор мегуфтам, ки “ҳой мардак, охир то кай пойҳоятонро дароз карда, дар пеши ман мешинед, бароед, мисли дигар мардҳо дар ягон ҷо кор карда, ризқу рӯзии бачаҳоятонро биёред, охир фарзандонамон калон шуда истодаанд, онҳоро хӯрондан лозим, пӯшондан лозим, хонондан лозим, барои ҳамаи ин пул даркор аст, вале ҳис мекардам, ки гапҳоям аз як гӯши шавҳарам даромада аз гӯши дигараш баромада мераванд. Ин марди гарданғафс парвои онро надошт, ки бачаҳояш серанд ва ё гурусна, чи мехӯранду чи мепӯшанд. Падару модари писарм нафақаашонро ба ман медоданд, ки иҷорапулиро диҳам, хурду хӯроки бачаҳоямро низ як умр аз хонаи падару модарам мекашондам. Гурбат ва таънаю маломати акаҳову янгаҳоям чунон ба ҷонам зада буд, ки ногуфтанӣ.
Хулоса, оқибат аз ҷонам сер шудам ва барои аз таънаю маломат халос шудан, аз бародари хурдиам, ки дар Русия кор мекард, хоҳиш кардам, ки маро зери қаноташ гирад, то кор карда, минбаъд зиндагии худу фарзандонамро пеш барам. Бародарам розӣ шуд ва барои харидани чиптаи ҳавопаймо пул равон кард.
Ҳамин тавр бачаҳоямро бо падарашон монда, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам ва бо кӯмаки бародарам дар як ошхона ба кор даромадам ва инак муддати 7 сол мешавад, ки дар ин ҷо ҳастам. Дар ин муддат ду-се маротиба ба Ватан рафтам ва камбудиҳои зиндагиамро андаке сару сомон намудам. Як порча замин гирифта, се дар хона сохтам, вале болояшро пӯшонда бошам ҳам, ҳанӯз дохилашро таъмир накардаам. Маҷбурам, ки барои таъмири хона, ба ягон донишгоҳ дохил кардани писарам ва бо обрӯ ба шавҳар додани духтаронам боз 3-4 соли дигар дар ин ҷо монда, кор кунам.
Вақте ба Русия омада пулёб шудам, шавҳарам чунон ба ман меҳрубон гашт, ки напурсед. Сад бор садқаю банда шуда мегуфт: “Занакҷон, дар хона орду равған ва шакару картошка тамом шудааст, пул фирист, ки бачаҳо хӯрданӣ надоранд” ва мани сода, дарҳол пули гуфтаашро равон мекардам, то ки аз чизе танқисӣ накашанд. Шавҳарам ба пули муфт одат карда, бо баҳонаи сару либос, пойафзол, китобу дафтар ва дигар ниёзҳои кӯдакон тез-тез аз ман пул талаб мекард ва ман ҳам ягон бор хоҳиши ӯро дар замин нагузошта, маблағи гуфт аашро равон мекардам, вале...
Вақтҳои охир ба гӯшам ҳар хел овозаҳои нохуш мерасанд. Баъзе хешу табор мегӯянд, ки шавҳарам аз ҳисоби пули аз Русия мефиристодаи ман ба худаш маъшуқаи ҷавон ёфта, кайфу сафо карда гаштааст. Ростӣ намедонам ин гапҳо то куҷо асос доранд, аммо ба ман сахт алам мекунад, ки ба хотири ба касе муҳтоҷ нашудани онҳо ва азобу танқисӣ накашидани фарзандонам ман дар шиками худам нони серӣ нахӯрда, тамоми пули меёфтаамро фиристода, аз ҳисоби бародарам мехӯраму ба ҷойи раҳмат гуфтан шавҳарам бо чунин корҳои нолоиқ машғул шуда, занбозию духтарбозӣ мекардааст.
Чанд бор хостам бо шавҳарам ҷанҷол карда, гӯям, ки ба назди ҳамон маъшуқааш равад, вале фикри 4 фарзандамро карда, астағфуриллоҳ мегӯям.
Хонандагони азиз! Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Аз баҳри шавҳарам гузарам ё аввал аз паси санҷидани ҳақиқати ҳол шавам?
Бо эҳтиром, Сурайё, аз Барнаул