Соҳиби се фарзандам, вале шавҳарам то имрӯз маро ба ҳар як симчӯби сари роҳ рашк мекунад. Аз ҷангу ҷанҷоли беҳудааш асабам хароб шудааст. Илтимос, маслиҳатам диҳед, бо ин девонаи бадрашк чӣ кор кунам?
Маслиҳат
Фаронсавиҳо як зарбулмасал доранд: «Зан рашкро мебахшад, вале набуданашро ҳеҷ гоҳ». Албатта рашк кардан хуб аст, агар бо меъёр бошад. Шавҳар баҳудаву беҳуда ба ҳар ходачӯби сари роҳ рашк кардан гирад, асаби зан хароб мешавад ва зиндагӣ тоқатфарсо мегардад.
Тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, маҳз рашк сабабгори фоҷиаву шикастҳои бузург, хушунати хонаводагӣ ва талоқ мегардад. Худо накарда марди бадрашк боз тундмиҷозу баддаҳон ҳам бошад, вой бар ҳоли ҳамсараш. Мардҳо табиатан чизпараст мешаванд, мехоҳанд занашон танҳо моли худашон бошад. Аз рӯзи аввали зиндагӣ ба шавҳар фаҳмонидан лозим, ки муҳаббат дар асоси боварии якдигар сохта мешавад. Баъзе бонувон барқасдона рашки шавҳарро оварда, барғалат гумон мекунанд, ки агар рашк кунад, дӯст медорад. Оё марди бадрашкро аз нав тарбия кардан мумкин аст? Инсон метавонад тағйир ёбад ба шарте, ки худаш инро хоҳад. Шавҳаратон шуморо ба ҳамсоя рашк мекарда бошад, «ин кали мундуқ ба як қоши ту баробар намешавад» гуфтанатон маънӣ надорад. Ин гап мардро ором намесозад, баръакс гумон мекунад, ки зан ба ҳолаш механдад. Аз эҳтимол дур нест, ки баъди ин гапи шумо шубҳаи шавҳаратон бештар шавад, ки чаро занаш ба сари калу қаду басти марди ҳамсоя диққат додааст. Боз як ғалати дигаре, ки бонувон ба он роҳ медиҳанд, «Худат ҳам ҳамеша ба беваҳои дигар нигоҳ мекунӣ-ку» гуфтан аст. Ин гап ба мард бениҳоят сахт мерасад, зеро вай хуб медонад, ки ба хонумҳои дигар бо кадом мақсад менигарад. Ин гапи зан натанҳо мардро меранҷонад, балки дар дилаш тухми шубҳа мекорад, ки шояд аз ӯ қасос гирифтанӣ шуда бо касе алоқа карданиед. Агар аҳамият дода бошед, аксари писарчаҳо модарашонро ба дигарон рашк мекунанд.
Маҳз ҳамон мардоне бадрашк ба воя мерасанд, ки дар кӯдакӣ меҳру муҳаббати модарро ба серӣ надидаанд. Дар симои занаш мард такрори модарашро мебинад, аз ин лиҳоз худаш нафаҳмида қасди даврони кӯдакияшро аз занаш меситонад.
Равоншиносон барои ҷалб кардани мард ба модари ӯ тақлид карданро тавсия медиҳанд, вале ин ҷо вазъият баръакс аст, бинобар ин, бо ҳар роҳ ба хушдоманатон монанд набуданатонро нишон диҳед.