Гулистон ном дорам ва мехоҳам дарди диламро ба шумо - хонандагони азиз гуфта, маслиҳат бипурсам.
Шавҳарам як йигити чорпаҳлӯ бошад ҳам, дар ягон ҷо кор намекард. Мани бекор дар мактаб фаррошӣ карда, бачаҳоямро мехӯрондаму мепӯшондам. Падари фарзан донам аз саҳар то бегоҳ дар таги телевизор нишаста кино тамошо мекард ва ягон бор намепурсид, ки бачаҳояш чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд. Бекорхӯҷагии шавҳарам ба дилам зада буд. Рӯзе дар сари қаҳр гуфтам, ки тайёрхӯрӣ баст аст, аз пайи зиндагӣ шав ё тамоман баромада рав, ки дигар туро набинаму насӯзам. Мардакам маро мурданивор зад ва таги як курта аз хона баромада рафту бо ҳамин бедарак шуд. Чанд рӯз пас аз забони ҳамсояҳо шунидам, ки ба Русия рафтааст. Акнун волидон ва хешу табораш аз ман домангиранд. Хушдоманам дар тамоми маҳалла овоза кардааст, ки писарам аз дасти зани ҷакокаш ба ҷон расида, сарашро гирифта аз Тоҷикистон баромада рафт. Фарзандонам ҳар шаб барои падарашон гиря мекунанд. Намедонам сарамро ба куҷо занам. Ҳоламон рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст, чизи хӯрданӣ надорем. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?