Ман як зани бахтбаргаштаи тоҷик мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо қисса намуда, диламро холӣ кунам.
Зани 52-сола ҳастам. Шавҳарам ду сол пеш аз олам гузашт.
Дар як хонаи калон тани танҳо монда, худро мисли чуғз дар вайрона ҳис мекунам. Ману шавҳарам қариб 30 сол дар як болин сар монда бошем ҳам, бачадор нашудем. Ягон духтуру табибу муллое намонд, ки нарафта бошам, вале ҳамаи кӯшишҳоямон беҳуда буд. Намедонам чӣ гуноҳ кардем, ки худованд ба мо чунин ҷазои сахтро раво дида, аз беҳтарин неъматаш-фарзанд маҳрумамон кард. Шавњарам аз алами бебачагӣ арақхӯр шуд. Қариб ҳар рӯз шароб менўшид ва “ту чӣ хел зан ҳастӣ, ки барои ман ақаллан як писар ё духтар таваллуд накардӣ. Аз бебачагӣ шарм медорам, ки ба тӯю маъракаҳои ёру дӯстонам равам. Мефаҳмӣ чи қадар сахт аст, вақте аз мард мепурсанд, ки барои чи сарат сафед шудаасту то ҳол ягон фарзанд надорӣ..” гӯён, то дилаш хунук шудан маро зери мушту лагад мегирифт, вале баъди ҳушёр шуданаш боз аз ман бахшиш мепурсид. Пайвандонам чанд маротиба маслиҳат доданд, ки ҷудо шуда, оилаҳои нав барпо кунем, шояд бахтамон хандида, соҳиби фарзанд мешавем, вале диламон нашуд, чунки ҳамдигарро дӯст медоштем. Як-ду маротиба модар ва хоҳарони шавҳарам ишорат карданд, ки иҷозат диҳам мардакам ягон зани дигар гирифта худашро санҷад, ки бачадор мешавад ё не, аммо мани бадрашк қиёматро қоим кардам, ки бахтамро бо ҳеҷ кас тақсим кардан намехоҳам. “Ақаллан ягон кӯдакро аз ятимхона гирифта калон кунед” мегуфтанд хешу табор, вале ман масали “фарзанди касон намекунад фарзандӣ, сад тавқи тилло ба гарданаш барбандӣ”-ро ба ёд оварда мегуфтам, ки худо медода бошад, ба худамон бача диҳад, бачаи мардум ҳаргиз фарзанд намешавад. Мурда-мурда бо сад азоб калонаш мекунӣ, лекин худо медонад, ки то охир бо ту мемонад ё не..
Хулоса, бо ҳамин ҳол қариб 30-сол аз байн гузашт ва шавҳарам аз ғами дарду алами бефарзандӣ ба бемории саратон печида аз олам гузашт. Баъди сари мардакам тани танҳо монда, дарк намудам, ки чи хатои бузурге содир кардаам. Худхоҳиам маро ба ин ҳол овард, агар ягон ятимакро гирифта калон мекардам, шояд имрӯз дар як ҳавлии калон буми кӯр барин танҳову зор намемондам.
Ба занҳое, ки фарзанд надоранд, гуфтаниям, ки монеи бахти худ ва шавҳаратон нашавед. Мани якрав, агар ин қадар девонагӣ накарда, хушӣ ба хушӣ аз шавҳарам ҷудо мешудам, шояд оилаи дигар барпо намуда бачадор мешуд ва аз дунё бе ному нишон намерафт. Дилатон, агар ба ҷудоӣ нашавад, ақаллан ягон кӯдаки ятимро ба фарзандӣ қабул кунед, то ки мисли ман дар охири умратон танҳову зор намонед!
Фазилат, аз вилояти Хатлон