Ман ҳамин сол мактаби миёнаро хатм карда, тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ дохил шудам, вале ҳоло таҳсил оғоз нашуда, падару модарам маро зӯран ба шавҳар додан мехоҳанд. Домод ваъда кардааст, ки ба таҳсилам монеъ намешавад. Оё барвақт шавҳар кардан зарур аст? Чаро фақат бо фикри нодурусти баъзе калонҳо кор кардан даркор? Ба як азоб хондан даромадам. Хондан мехоҳам. Ман тайёр не ба оиладорӣ. Якбора ҳам оила, ҳам таҳсилро аз уҳдааш намебароям. Чӣ кор кунам, намедонам...
О. М.
Муқаддас Ҳамидова:
- Хоҳари гиромӣ, фикратон дуруст аст. Барои ҷавондухтарон басо мушкил аст, ҳам хондану ҳам оила барпо кардан. На ҳама вақт ҳарду тараф ин масъаларо дарк карда метавонанд. Беҳтараш аввал хонед, баъд шавҳар кунед, лекин насибу тақдир ҳеҷ кас чизе гуфта наметонад. Ҳаматарафа бо падару модар оиди ин масъала суҳбат намоед. Бигузор якдигарфаҳмӣ бошад.
Фирдавс:
- Як бор бо волидайн суҳбат карда, ақидаи худро оиди ин масъала баён кардар даркор. Умедворам волидайн мефаҳманд.
Ягон падару модар барои фарзанди худ бадиро намехоҳад.
Шаҳноза Тоҷибоева:
- Дар ҳамин солу замон якум дараҷа тарбияи хуб ва хонда соҳиби диплом шудан. Батарбия бошеду хондана давом диҳед, таги даратон ба қавли гузаштагон “охурча” мешавад. Пир шуд намегӯянд. Хонед!
Бахтиёр Абдуллоев
- Шавҳар кунед, агар одами нағз бошад, бахтро аз даст надиҳед! Хондагиҳо чӣ шудос? Маош 870 сомонӣ. Нахонда бозорчӣ шавед, 5000 сомонӣ! Шавҳар корба намонад диплом коғази бекора! Ҳунар омӯзед беҳтар!
Карими Абдураҳим
- Ҳам хондан даркор, ҳам барвақт оиладор шудан даркор. Оиладориро ба пушт партоед, дер мешавад ва варианти нағз ҳам кам мемонад. Барои ҳамин, муҳим оиладор шудан.
Мутриба Ғаниева:
- Хонданро интихоб карда бошед, аввал хонед. Ман духтарамро 5 сол хонондам дипломашро гирифт, баъд шавҳар кард. Дар тӯли 5 соли хондагиш ҳама ҳамсинфош оиладор шуда дутои фарзанддор ҳам шуданд.
Фарзона Амирзода:
- Шавҳар гурехта намеравад. Аввал хонда соҳиби донишу диплом шуда баъд шавҳар кунед. Ҳазор аз оилаҳои хуб бошанд ҳам, оиладорӣ ҷавобгарии калон дорад: кору бори хона, пухтан шустан, фарзанддор шудан ва аз як тараф бошад хондан, санҷишу имтиҳон супоридан. Кори хоная кунам гӯед дарс мемонад, дарс таёр кунам гӯед кори хона мемонад. Агар ҷудоям хостгорҳоба сахт маъқул шуда бошед марҳамат интизор шаванд, ақалан курси 3-4 шавед. Барои ҳамин аввалин дараҷа хондан.
Азиза Раҳматзода:
- Бисёре аз волидайн ба синну соли духтарашон нигоҳ карда 19-20-сола шаванд, аллакай мехоҳанд ба шавҳар барояд. Мардум чӣ мегӯяд? Ягон айб дорад то ҳол ба шавҳар набаромадааст... гуфта бе шавҳар мемонӣ мегӯянд. Баъд аз ин ба хизмати оила ба хизмати шаваҳар шуда духтарҳо бе илм мемонанд, ҳатто мавридҳое мешавад, ки аз хондан мегиранд. Баъд оянда чӣ мешавад? Ҳам бе илм мемонад, ҳам ба фарзандони ояндааш тарбия ва илми дуруст дода наметавонад, зеро бисёре аз таълиму тарбияи фарзандон маҳз ба дӯши зан-модар аст.
Бинобар ин хуб мешуд, аввал таҳсилро ба охир расонида баъд оила барпо мекарданд, беҳтарин мешуд.
Дилафрӯз Баҳромзода:
- Ҳам хонед, ҳам шавҳар кунед. Албатта, санҷида ҳаматарафа. Тарафи писарро омӯзед, писари меҳнатӣ, соҳиби кор бошад, оиларо таъмин карда тавонад. Падару модар ва ҳамсарро нигоҳубин кунад. Ба қавли русҳо “Один другому не помешает”. Ҳозира хушдоманҳо нағз, фарзанддор шавед, то аз дарс омадан нигоҳубин мекунад. Ҳеҷ чиз дар олам ба бахт баробар шуда наметавонад. Мо ҳам мактабро тамом карда, донишгоҳ даромада (ғоибона), шавҳар карда, ҳам кор мекардем, ҳам мехондем, кам нашудем. Насиб бошад, шавҳар карда, карера карда ҳам метавонед. Падару модаратон дӯсти беҳтаринатону маслиҳатчии хубатон, вайҳо ба ҷар тела намедиҳанд.
Дилрабо Алиева:
- Маро 17-сола шавҳар доданд, ягон ҷойро нахондаам, маълумотам миёна. Ҳамон вақт мегуфтан, хай келин шав шавҳарат мехононад, вай вақт гапи модар якта буд, падарам аз олам гузаштагӣ буданд. Оиладор шудам фарзандор шудам, ана мехонам, мана мехонам, шукри Аллоҳ 4 то, фарзанддор шудам, аз куҷо мехонам, ҳозир 39-сола шудам, ҳамин армон ба дилам мондааст. Шукри Худованд аз ҳаётам наменолам. Ба худам аҳд кардам, ки фарзандонамро соҳиби касб ва маълумоти олӣ мекунам. Алҳамдулиллоҳ, ҳозир духтари калониам курси 4 гузашт, дуюм духтарам курси як мешавад. Чанд то хостгорҳо меоянд, ҳоло мехонад гуфта ҷавобашро додем. Иншооллоҳ ҷойи нағз барояд, курси чорумашро ба шавҳар медиҳам.
Фарзона Муродӣ:
- Дар тафаккури халқи мо ҳамин хел ҷо шудааст: барвақт шавҳар кунӣ ту бамаънӣ ва оилаи намунавӣ, аз 20 гузарӣ “ягон айбаш будагист”.... афсӯс никоҳи бармаҳал асоси оилавайрониҳо шуда истодааст.
Маъруф Юсупов:
- Пеш аз ҳама саросема нашуда нағз фикр кардан лозим. Баъзан то хонданро тамом накунам шавҳар намекунам мегӯянду баъд як умр бешавҳар мемонанд. Ё ин ки ба шавҳар мебароянду аз баҳри хондан мегузаранд. Бинобар ин, пеш аз ҳама бо тарафайн шартнома кардан лозим. Яъне ба хондан монеъагӣ накарда баръакс дастгирӣ кунанд.
Султонбегим Алидустова:
- Дар зиндагии духтарон хондану саводнок будан дар ҷои аввал меистад, чунки дар оянда вай модар, тарбиятгари фарзанд аст. Бузургон мегӯянд, агар ду фарзанд дошта бошӣ, яке писару дигараш духтар бошад, аввал духтарро савод омӯзон, чунки вай тарбиятгари ояндаи фарзандон аст.