Formula novemver 2024
Шавҳар занро се талоқ кунад, дубора никоҳ кардан равост?
11.01.2022
Mahina
8977

Салом ба хонандагони сомонаи Оила. ТЧ.
Сароғоз аз ҳамаатон маъзарат мехоҳам, ки ному насабамро ифшо карда наметавонам. Гап сари он аст, ки ман дар як идораи бонуфуз кор мекунам ва бисёриҳо маро хуб мешиносанд, агар исмамро ошкор созам, таънасору хандахариши дӯсту душман мегардам.

Шаф-шаф накарда, сари мақсад меоям. Ману шавҳарам 15 сол пеш хонадор шуда, соҳиби се фарзанд ҳастем-ду духтару як писар. Духтари калониам аллакай дар синфи 7 мехонад, дуюмӣ синфи 4 ва писарчаам нав шашмоҳа шудааст. Шавҳарам дар синну сол аз ман хеле калон аст ва аз зани якумаш ду писари баркамол, келин ва ду-се набера дорад.
Ман падари фарзандонамро ганда карданӣ нестам, чунки синну солаш аз 60 гузашта бошад ҳам, одами хушмуомила ва марди хушсурат аст, одати дашному ҳақорат додан ва задан надорад, аммо бисёр менӯшад. Мудом аз рӯйи арақи лаънатӣ байнамон ҷангу ҷанҷол мешуд, чунки ман зани замонавӣ ва коргари як идораи бонуфуз бошам ҳам, худотарс ҳастам ва панҷ вақт намозамро тарк намекунаму шароб нӯшидани шавҳарам бароям ҳеҷ гоҳ писанд набуду нест.
Хулласи калом як рӯз шавҳарам боз маст омад ва байнамон камтар нофаҳмӣ шуда гузашт. Шавҳарам ҳамон рӯз аз ҳад зиёд арақ нӯшида буду базӯр ба по рост меистод ва дар ҳолати мастӣ маро се талоқ кард, аммо баъди ҳушёр шудан пушаймон шуд.
Ман худи ҳамон бегоҳ бистари хобамонро ҷудо кардам, вале ростӣ то ба имрӯз ин сирро ба касе нагуфтаам. Ба ғайр аз Худовнад ва худаму шавҳарам дигар касе намедонад, ки падари фарзандонам маро кайҳо се талоқ кардааст.
Мо мисли зану шавҳар не, балки монанди ду иҷоранишин дар як хона, вале дар ҳуҷраҳои алоҳида зиндагӣ карда истодаем. Шавҳарам гоҳ бо зорию гоҳ бо зӯрӣ маро маҷбур мекунад, ки хотири фарзандонамон ба қозиёт рафта дубора никоҳ кунем, аммо ман аз оқибати ин кор сахт метарсам. Ҳарчанд ба падари фарзанднам мефаҳмонам, ки ҳой мардак, охир ту маро се талоқ кардӣ, дигар никоҳ ва зиндагӣ кардани ману ту мумкин нест, ин марди якрав маро фаҳмидан намехоҳад. Шавҳарам ду пояшро ба як мӯза андохтааст, ки биё рафта никоҳ мекунем ва мисли пештара зиндагиамонро идома медиҳем ё ҳар се фарзандатро гирифта, баромада рав, ман хонаро ба писари калониам медиҳам. Писарони шавҳарам ҳардуяшон хонаву дар доранд, аммо барқасд ӯ мехоҳад хонаро ба фарзандгони зани якумаш дода, маро бо кӯдаконам дар кӯчу монад.
Мо никоҳи расмӣ дошта бошем ҳам, ману фарзандонам то ба ҳол дар кайди манзили шавҳарам нестем, бар замми ин, хонаро волидонаш ба шавҳарам мерос гузоштаанд. Бо чанд ҳуқуқшинос маслиҳат кардам, мегӯянд, ки агар хона меросӣ бошад, баъди бе кор кардани ЗАГС тақсим карда намешавад. Азбаски шавҳарам аллакай нафақахӯр аст, ман ба алимент ҳам умед баста наметавонам.
Фарзандонам ҳамаашон хурсоланд, касе нест, ки кӯдаки ширхораамро монда ба кор бароям ва ягон хонаро иҷора гирифта зиндагӣ кунам. Падару модар надорам, ки ба хонаашон равам, аз хонаи шавҳарам бароям, аниқ бо се кӯдак тамоман дар кӯча мемонам.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Агар ба хотири фарзандонам дидаву дониста бо марде, ки маро се талоқ кардааст, дубора никоҳ карда, зиндагиро идома диҳам, фардои қиёмат дар назди худованд рӯсиёҳу шарманда ва касофатзада намешавам?

М. Г, ш. Душанбе.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД