Formula novemver 2024
Шавҳар карда дипломро таги болишт мондаму….
29.08.2022
ОИЛА
1674


Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта оиладор шудем. Аз рӯзи авали шиносоиямон дар назди Саид шарт гузошта, гуфта будам, ки баъди тӯй кор мекунам ва аробаи зиндагиро дукаса ба пеш мекашем.

Вай аввал розӣ буд, аммо ҳамин ки маро арӯс карда, ба хонаашон бурд, қавлу қасамашро фаромӯш карда, барои ба кор баромаданам монеъ гашт. 8 сол мешавад, ки дипломро таги болишт монда, мисли дигар занҳои хонашин аз пайи рӯфтану шустан ва нигоҳубини фарзандон ҳастам. Ростӣ, худамро дар оина дида, афсӯс мехӯрам, зеро аз ҳусну малоҳатам қариб, ки осоре намондааст.

Ман мактабу донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намудаам ва метавонам дар ҷое кор карда, дар пеш бурдани зиндагӣ ба шавҳарам кӯмак расонам, аммо Саид бо шунидани ибораи «кор мекунам» девона шуда, дод мезанад, ки зан коргару пулёб шавад, аз чорчӯбаи одамгарӣ баромада, бероҳаву саҳроӣ мешавад. Вай мушт ба сина кӯфта, даъво мекунад, ки ман зиндагиро сад фоиз таъмин карда истодаам, вале маошаш базӯр ба хӯрока мерасад. Ҳар дафъае, ки барои ниёзҳои шахсии худам пул даркор шавад, шавҳарам дағалона мегӯяд, ки фасониро барои кӣ мекунӣ, ту ба ман ҳамин хел ҳам маъқул ҳастӣ, вале дар кӯча ягон зани зеборо бубинад, дарҳол оби даҳонаш меравад.

Нигоҳи пурҳаваси шавҳарамро ба занҳои хушлибос дида, ман аз рашк девона мешавам. Ҳайрон мешавам, ки модоме ба шавҳарам занҳои ороставу пероста маъқул бошад, чаро иҷозат намедиҳад, ки ман чунин бошам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД