Баъди хатми мактаби миёна, ҳама ҳамсинфонам паси ҳам ба шавҳар баромаданду ман мондам. Ҳамсояҳо ҳар бори диданашон “Мадина, ту кай ба шавҳар мебароӣ?
Тӯйи туро кай мехӯрем?” гуфта, ҷонамро ба лаб меоварданду косаи сабрамро лабрез мекарданд. Ҳатто кор то ба ҷое расид, ки аз дасти чунин гапҳои нешдори дӯсту душман ва ҳаққу ҳамсояҳо дамдузду одамгурез шуда мондам ва қариб, ки аз хона намебаромадам. Зеро намехостам, ки бо касе рӯ ба рӯ шаваму боз “Мадина, кай тӯйи туро мехӯрем?” гуфта, суол кунанд ва ба торҳои асабам нохун зананд. Баъзе шабҳо то субҳ мижа таҳ накарда, фақат гиря мекардам ва Худоро зора мекардам, ки дари бахти маро ҳам кушояду маро аз таънаи дӯсту душман халос намояд. Билохира, бахт ба рӯи ман ҳам хандиду ба хонаамон хостгор омад. Маротибаи аввал падару модарам ба хостгорҳо ваъда надода, талаб карданд, ки дафъаи дигар домодро низ ҳамроҳашон биёранд. Вақте домодро дидам, дилам аз шавҳаркунӣ монду дунё дар назарам тираву тор шуд.
Домодшаванд марди тахминан 40-45-сола, сараш кал, дар зери чашмаш изи захм, ки чеҳраи бе ин ҳам даҳшатнокашро ба назар даҳшатноктар нишон медод. “Наход ман барин духтари зебо, ки ягон камбудӣ надорам, ба ҳамин марди кал ба шавҳар бароям?” гӯён, хостгорҳоро рад карданӣ шудам, вале гапу калочаи ҳаққу ҳамсояҳо ба ёдам омаду аз фикрам гаштам. Падару модарам ба хостгорҳо чизе нагуфтанд ва хостанд, ки худам қарори ниҳоиро қабул кунам. Ман бошам, ночор розӣ шудам ва ба марди аз худам 20 сол калон ба шавҳар баромадам. Рӯзи тӯям аз алам он қадар гиристам, ки гӯиё мардум ба тӯйхона неву ба мотамхона омада бошанд, ҳама баробари ман мегиристанд. Модарам “духтарам, тақдират ҳамин будааст. Саратро хам карда, хизмати шавҳаратро кун” гуфта, баробарам мегиристанду насиҳатам мекарданд. Домод як тӯйи хоксорона барпо карда, маро ба хонаашон бурд. Аз тӯямон ҳамагӣ як ҳафта нагузашта, модару писар чеҳраи аслии худро нишон доданд. Шавҳарам дар баробари бадафт буданаш, бадзабону дағал низ будааст, ки инро баъди тӯй баъд фаҳмидам. Хушдоманам низ соат ҳанӯз панҷ нашуда, “субҳ дамид, офтоб баромад, келини танбал, кай мехезӣ?” гӯён, дари хонаи хоби моро тақ-тақ мезад.
Сарамро хам карда, чизе намегуфтам ва кӯшиш мекардам, ки набинаму нашунавам. Кор то ба ҷое расид, ки хушдоману шавҳарам маро ба сари дастурхон роҳ намедоданд ва ман дар ошхона нишаста, хӯрок мехӯрдам. Хушдоманам писарашро “шербачаам, зебоякам” гӯён, мисли кӯдакҳо навозишу меҳрубонӣ мекунаду аз ин гапҳои ӯ хандаи ман мегирад. Баъзан мехоҳам, ки чизу чораамро ҷамъ карда, баромада равам, аммо боз фикри обрӯи падару модарамро карда, аз фикрам мегардам. Наход ман як умр дар ин хона мисли хизматгор зиндагӣ кунам? Хонандагони азиз, ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Сабр карда, зиндагиамро давом диҳам ё аз ин шавҳари бадафту баддаҳон ҷудо шавам?
Мадина, аз ш.Ҳисор