Вақте ки Ранҷита Кунду бо дарди шадиди шикам ба табибон муроҷиат намуд, аз ғайб задани як гурдааш бохабар шуда, ба даҳшат омад.
Сокини иёлоти Одишаба ёд овард, ки соли 2018 барои ҷарроҳӣ намудани санги гурда ба табибон муроҷиат карда буд. Рафти табобатро шавҳараш Прасант Кунду назорат менамуд. Тавре маълум шуд, вақте Ранҷита зери таъсири наркоз қарор дошт, шавҳараш як гурдаи ӯро бо кӯмаки табибони зархарид гирифта, дар бозори сиёҳ ба савдо гузоштааст.
Баъди чанд моҳи ҷарроҳӣ шавҳар занашро партофта, аз хона рафтааст.