Бегоҳ Мухтору Гулнор бо сумкаҳои пур аз шириниву тўҳфа ба хона даромаданду модар инқилобе кард ногуфтанӣ. Аз ҷангу гиряи бисёр беҳуш шуд, талхаи ҷавонон кафид, шодӣ дар комашон заҳри ҳалоҳил гашт.
Баъди ба ҳуш омадан, Марҷон Гулнори ҳайронро зада-зада, аз хона баровард ва ў ба хонаи волидонаш рафта, ҳамаро ба волидонаш нақл кард. Аҳволи модари бемораш, ки аз бемории қанд ранҷ мекашид, хеле бад шуд. Аз ин воқеа як моҳ гузашту ягон нафар ба суроғи Гулнор наомад, Мухтор низ ба зангҳои телефонияш ҷавоб намедод. Модари Гулнор аз дунё гузашт, касе барои ҳамдардӣ наомад, Гулнор маъракаҳои модарро гузаронду ба кор рафт, дигар ба тақдир тан дод. Дар хона ҳамроҳи падар ва як бародари бемораш мезист, бародараш аз баландие афтода, миёнаш шикаста, аз пои равон монда буд, аммо ҳама кори хонаро мекард. Дар баробари ин, барномасози хуб буду дар хона нишаста, пули хубе меёфт. Ягона дўсту ғамбарори Гулнор низ ҳамин бародараш буд. Гулнор баъди ин шикасту мусибатҳо ба саломатии худаш беаҳмият буд ва шамол хўрда, бемор шуд. Вақте ба назди духтур рафт, духтур ба ў гуфт:
- Духтарам, раҳми худатро нахўрӣ, раҳми кўдаки батнатро хўр!
Гулнор каме гаранг шуд ва баъд дудаста ба гардани духтур часпида, зор-зор гирист, духтур ўро ором кард…
Акнун дар зиндагии Гулнор маъние пайдо шуд, ки ҳама дарду ғамро аз хонаи дилаш рӯфт. Ў ба кор нарафт, занг зада, ҷавоб пурсиду ба хона омада, ош пухт ва сари дастурхон хушхабарро ба падару акааш расонд. Падар хурсандона аз пешонааш бўсиду акааш намедонист бигиряд ё бихандад. Баъди чанд рўз ҳама аз ин хушхабар бохабар шуданду апаи калонияш, ки акнун ба онҳо ба ҷойи модар буд, ба хоҳараш дар хилват гуфт:
- Гулнор, Мухтор бояд аз ин навгонӣ бохабар шавад, ў ҳақ дорад.
Аммо Гулнор бо оби чашм ба апааш гуфт:
- Ман ба он номарде, ки бе ягон гуноҳ маро аз остонаи хонаашон ронданду аз аҳволам напурсид, дигар кор надорам. Фарзандамро худам ба воя мерасонам!
Аммо Гулбаҳор як рўз пинҳонӣ ба хонаи хушдомани хоҳараш рафта, ҳомиладор шуданашро ба Марҷон гуфту зери ҳақорату таҳқиру таҳвини ў монд:
- Аз кадом буққа бордор шуда, ҳаромияшро ба гардани писари ман назанад, гум шавед аз назарам!
Мухтор занашро суроғ накунад ҳам, на ўро талоқ дода буду на барои ҷудошавӣ ариза дода буд, баъди рафтани Гулбаҳор рўзи дигар Марҷон чор кӯрпаву як қолин ва ду-се куртаи келинашро бор карда, шабона ба хонаи қудояш оварда, писарашро маҷбур кард то талоқи ўро диҳад! Ин зани бешараф, ҳатто ороишоти тиллоиеро, ки модараш бо ҳавас барои Гулнор харида буд, ба ӯ надод. Вақти рафтан Марҷон гуфт:
- Аризаи ҷудошавиро навиштем, расман ҳам ҷудо мешавед, ҳаромият ба падараш насиб кунад.
Гулнор бо вуҷуди ҳамин қадар таҳқир боре рўйи хушдоманашро нигоҳ накарда буд.
- Ин фарзанди шумост,- гуфта, аз ҳуш рафт.
Мухтор Гулнори беҳушро ба оғўш гирифта буд, ки модараш аз дасташ кашида намонд. Онҳо рафтанд ва рўзи дигар Гулнор фарзандашро афтонд…
Гулбаҳор худашро пеши хоҳараш гунаҳгор медонист, аммо метарсид ба ӯ рости гапро гўяд. Аз ин воқеа шаш сол сипарӣ гашт, Гулнор ғаму ғуссаро пушти сар кард, падарашро бемордорӣ намуд. Вақте падараш оламро падруд гуфт, фарзандонаш аз рўйи васияти ў амал карда, тамоми пасандози доштаи падарро, ки нисфаш пулҳои Гулнор буд, ҷамъ карда, барои хоҳари бебахташон дар наздикии хонаи падар хонаи зебои дуҳуҷрагӣ хариданд. Акаи маъюбашро зан доданду Гулнор ба хонааш кўчид. Рўзе бо таксӣ аз кор меомад, чун ба ронанда гуфт, ки “назди фалон боғчаи бачаҳо манъ кун”, ронанда аз ў пурсид:
- Фарзандонатонро мегиред?
- Не, хонаам ҳамон ҷост, ман фарзанд надорам,- дилаш танг, ки буд, ҳама саргузашташро ба ронандаи ношинос нақл кард…
Оқибати ин шиносоӣ ба ишқ анҷом ёфт ва ў бо Меҳроб хонадор шуд. Шаш сол аз вай хурд будану зану ду фарзанд доштани ҷавонро ба назар нагирифт. Ба Гулнор чизе лозим набуд, аз Меҳроб гармии сўҳбат ва меҳрубониҳои ўро мехосту тамом. Вале оҳиста-оҳиста ниқоб аз чеҳраи ошиқаш афтод, аммо аллакай дер шуда буд, онҳо никоҳ доштанд. Ҳамсари Меҳроб бо хоҳаронаш ба хонаи Гулнор омада, ўро лату кўб карданд. Меҳроб бо занаш қаҳрӣ карда, ба хонаи Гулнор омад, корро низ бас кард ва аз ҳисоби ў мехўрду мехобид. Меҳроб байни шаш хоҳар писари ягона ва эркаи оила буду акнун ин эркагиҳоро ба сари Гулнор мекард. Бо зориву таваллои Гулнор ў бо зану фарзандонаш оштӣ кард, акнун як ҳафта ин ҷову як ҳафта дар он ҷо, бе кор мегардад. Худованд ба онҳо фарзанд ҳам намедиҳад, бечора Гулнор дар хонаи худ асири як бекорхўҷаи дарди сар гашта, намедонад чӣ гуна аз ў раҳоӣ ёбад…
Меҳроби дарди сар бошад, ўро тасалло медиҳад, ки “ҳеҷ гап не, зани ман як писар таваллуд карда, ба ту медиҳад, калон мекунӣ”. Барои ин бефаросат ҳама чиз осону саҳл аст, сарнавишти талхи Гулнор чӣ мешавад, Худо медонад.
Шояд шумо ба ў маслиҳате медиҳед, хонандагони азиз?
Нисо ХОЛИД