new banner new years
Шавҳар баъди талоқ бояд занро бо макони зист таъмин кунад
854

Занеро шавҳараш талоқ диҳад, иддааш тамом нашавад, ҳаққи ба шавҳар баромаданро надорад, пас ӯ дар ин муддат дар куҷо зиндагӣ кунад ва нафақаи ӯро кӣ бояд таъмин намояд?

Ҳошим, ноҳияи Евон.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Вақте мард занашро талоқ медиҳад, то ба охир расидани иддаи зан бояд ба ӯ хонаи алоҳида, яъне ҷои зист, таъмин намояд. Албатта, хонаи алоҳида на ба он маъно, ки ба ӯ хонаи алоҳида харида диҳад, балки як утоқе, ки дар он зани талоқшуда зиндагӣ карда тавонад, кифоя аст. Он утоқ дар ҳавлии мард бошад, беҳтар аст. Ҳамчунин шароити ба иффати зан халал ворид нашудан ҳам бояд риоя шавад. Гузашта аз ин, мардро лозим аст хӯрок ва либоси зани талоқдодаашро то ба охир расидани иддааш таъмин намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД