Зиндагӣ пур аз пастиву баландиҳо буда, ҳар як инсон дар мушкилоте ғарқ аст. Яке дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ гирифтор аст, дигаре мубталои бемориҳост, сеюмӣ дар мушкилоти фарзандонаш саргардон аст, чорумӣ бо набудани манзилу надоштани ҷои кор сарсон. Яке фарзанд надораду дигаре баръакс аз бадахлоқиҳои фарзандаш ранҷ мебарад. Хулоса, ҳар шахс хостаҳову орзуҳое дорад, ки амалишавии онҳоро мехоҳад, вале...
Худованди Таборак ва Таъоло ягона барорандаи ҳоҷату хостаҳои бандагон аст. Танҳо худованд метавонад моро ба муроду мақсадамон бирасонад. Тақозои бароварда шудани умеду орзуҳо аз он Зоти пок, яъне Ҳақ Таъоло дуо номида мешавад. Махсусан дуои, ки бандагон дар моҳи шарифи рамазон мекунанд, пеши худованд ариши зиёд дорад.
Вақте дуову муноҷот аз умқи дил баланд гардад, таъсирбахш хоҳад гашт. Дар моҳи шарифи ҳар кас ки бо маънои саҳеҳ ва бо ихлосу самими дил аз Худованд ҳоҷаташро бихоҳад, дуои ӯ мавриди иҷобати Ҳақ Таъоло қарор хоҳад гирифт.
Дуо яке аз муҳимтарин бахшҳои ибодат аст. Ибодат инсонро ба мартабаи волои бандагӣ мерасонад. Ҳар кӣ дар мартабаи бандагӣ ба Аллоҳ Таборак ва Таъоло наздиктар шавад, дуои ӯ зудтар мавриди қабули ҳазрати Ҳақ қарор хоҳад гирифт.
Расули Акрам (с) дуоро мағзи ибодат номидаанд. Ҳар кӣ дар рафтору гуфтор бо Расули Акрам (с) наздиктар буда, мавриди муҳаббати ӯ қарор гирад, Худованд ба иҷобати дуои ӯ бештар таваҷҷуҳ хоҳад намуд. Аз ин рӯ, дуои валии комил рад нахоҳад шуд, зеро авлиё чунон худро ороставу пок намудаанд, ки Худованд аз онҳо мепурсад: «Эй бандагон, чӣ мехоҳед?» Онҳо дар ҷавоб хоҳанд гуфт: «Илоҳо, хушнудии туро мехоҳем». Зеро валии комил толиби ризои ҳазрати Ҳақ мебошад. Ҳамин талаби ризои ҳазрати Ҳаҷ аст, ки авлиёи комилро дар ибодату бандагӣ ба мартабаи баланд расонидааст.
Мавлоно Муҳаммад Алами Қасрӣ мегӯяд, ки новобаста аз иҷобат шудан ё нашудани дуо ба бандаи муъмин дуо кардан лозим аст. Дуои бандаи муъмин рад нахоҳад шуд, лекин мумкин аст, ки дар баъзе ҳолат иҷобати дуо бинобар маслиҳате, ки худи Ҳақ Таъоло онро беҳтар медонад, ба таъхир афтад. Дар чунин ҳолат инсонҳои шитобзада ва бесабр лаб ба шикояту носипосӣ кушода калимаи куфромез ба забон меоранд.
Илова ба ихлос бояд бо таваҷҷуҳи қалб дуо карда шавад. Ҳар сухан, ки аз умқи дил бархезад, асар хоҳад кард. Расули Худо (с) фармуданд: «Бо ин умед аз Худо бихоҳед, ки Худованд хостаатонро хоҳад пазируфт. Мутмаин бошед, ки Худованд дуои ғофилон ва инсонеро, ки дар дуо кардан ҷиддӣ нестанд, нахоҳад пазируфт».
Бардоштани дуо дар вақти дуо суннат аст. Саҳл ибни Саъд аз Расули Худо (с) ривоят мекунад, ки он ҳазрат (с) ҳангоми дуо ангуштҳои дастонашонро то баробари шонаҳо баланд мекарданд. Дар баъзе ҳолатҳо дастонашонро баробари сина мегирифтанд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Инсон модоме ки ба гуноҳ, қатъи раҳм ва аҷалла (шитобкорӣ) дуо накунад, дуои ӯ пазируфта хоҳад шуд».
Аз он ҳазрати пурсиданд: -Аҷала накунад, чӣ маънӣ дорад?
Он ҳазрат (с) фармуданд: «Касе баъд аз дуо нагӯяд, ки ман зиёд дуо кардам, вале нишоне аз қабули дуои ман дида нашудааст. Ва ё ин ки аз дуо кардан хаста шуда, ба хотири он ки дуояш пазируфта нашудааст, онро тарк кунад».