Петр Сегрт, ки вазифаи мураббии Тими миллии футболи Тоҷикистонро бар дӯш дошт, бо сабабиба анҷом расидани мӯҳлати қарордод Тоҷикистонро тарк мекунад.
Ёдрас мешавем, ки бо роҳбарию роҳнамоии мурабии хорватӣ Петр Сегрт Тими миллии футболи Тоҷикистон соли равон ба комёбиҳои беназир ноил гашта, дар бозиҳои “Ҷоми Осиё-2023” дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар тавонист ба даври чорякфиналӣ барояд.
Роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петр Сегрт барои ҳамкории пурсамари дусолааш бо футболбозони тоҷик самимона изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ ҳамчун мураббии муваффақи футбол комёбиҳои нав ба нави варзиширо таманно намудаанд.
Ба ҷойи Петр Сегрт кӣ сармураббии Тими миллӣ таъин шудааст, ҳанӯз маълум нест.