Sebiston new 2024 october
Шартномаи меҳнатӣ надорад, маошро дар конверт мегиранд
861
no-img



Муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор ба Федератсияи Россия мераванд, дар як моҳ ба ҳисоби миёна 54, 5 ҳазор рубли русӣ кор мекунанд, вале аксарияташон бо корфармо шартномаи меҳнатӣ надоранд ва маоши худро бидуни ягон санад ва имзо дар конверт мегиранд.

Татьяна Потяева, омбудсмени шаҳри Маскав дар байни муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Федератсияи Россия омадаанд, тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадааст, ки аксари муҳоҷирон дар асоси қарордоди лафзӣ кор мекунанд ва аслан бо корфармоён шартномаи меҳнатии хаттӣ намебанданд.Онҳо музди меҳнати худро ба таври ғайри расмӣ дар конверт мегиранд.

“Муҳоҷирон ба таври гурӯҳӣ, дар як ҳуҷра на камтар аз 4 нафар зиндагӣ мекунанд ва то бисёр маҷбур нашаванд, ба духтур муроҷиат намекунанд. Аз 4 як қисми муҳоҷирон умуман табобат намегиранд”-гуфтааст Потяева.

Натиҷаҳои татқиқоти мазкур бо унвони “Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ба Москваи муосир” ба Маркази парлумонии пойтахти Россия аз ҷониби Татьяна Потяева пешниҳод шудааст. Командаи Потяева моҳи сентябри соли 2023 дар байни 900 нафар муҳоҷирони меҳнатии аз 18 то 60 сола аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон пурсиш гузаронидаанд.

Зимни пурсиш 54,4%-и муҳоҷирони меҳнатӣ иқрор шудаанд, ки бо корфармоён шартномаи меҳнатӣ надоранд ва маошашонро бо пули нақд дар конверт мегиранд. Тақрибан 30% -и муҳоҷирон гуфтаанд, ки музди меҳнаташонро ба корти бонкиашон мегузаронанд.

Аз натиҷаҳои пурсиш чунин бармеояд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия дар як моҳ ба ҳисоби миена 54,5 ҳазор рубл кор мекардаанд. Дар ин бора kommersant.ru маълумот дода навиштааст, ки муҳоҷирони ӯзбек бештар дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, муҳоҷирони тоҷик бошанд, ба ҳайси таксист, курер, сартарош, ошпаз ва дар дигар соҳаҳои хизматрасонӣ кор карданро авло медонанд.

Тибқи натиҷаҳои тадқиқот фақат 4, 3%-и муҳоҷирон дар Русия хонаи шахсии худро дошта, дигарон дар иҷорахонаҳо ба таври гурӯҳӣ дар як ҳуҷра ба ҳисоби миёна 4-5 нафарӣ зиндагӣ мекунанд.
“Ҳамагӣ 5% муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон ва 12% аз Тоҷикистону Қирғизистон дар Россия бо тиҷорат машғуланд”-навиштааст манбаъ.

Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои русӣ вақтҳои охир як навъ нафрату бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон мушоҳида шавад ҳам, зимни пурсиш 44%-и муҳоҷирони меҳнатӣ гуфтаанд, ки мардуми маҳаллӣ бо онҳо муносибати хуб доранд, танҳо 5%-и муҳоҷирон аз эҳсос намудани бадбинӣ нисбат ба худ аз ҷониби русҳо изҳори нигаронӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД