toyota motors
Шароб нӯшидан дар хоб нишонаи гумроҳӣ аст ё боигарӣ?
18.05.2026
Oila.tj
44

Дар хоб дидам, ки дар як манзараи зебо, дар гулбоғе нишаста, бо дӯстон май менӯшем. Вале дар ҳаёт ман аслан маю шароб наменӯшам. Май дар хоб чӣ маъно дорад ва чаро таъбирҳои он ҳам мусбат ва ҳам манфӣ гуфта мешаванд?

ВОҶИБ, муҳоҷир

Ҷавоб:

- Май дар хоб яке аз рамзҳои бисёрҷабҳа аст ва маънои он вобаста ба ҳолат ва рафтори шахс дар хоб тағйир меёбад. Дар таъбирҳои суннатӣ май пеш аз ҳама ҳамчун рамзи боигарие, ки бо роҳи мамнуъ ба даст меояд ё неъмате, ки бо гуноҳ омехта шудааст, шарҳ дода мешавад. Яъне агар шахс майро бубинад, ин метавонад ишора ба он бошад, ки дар ҳаёти воқеӣ ӯ бо имконият ё манфиате рӯ б арӯ мешавад, ки дар он шубҳа ё мамнуият вуҷуд дорад.

Агар дар хоб инсон замини сабз ва дарёи майро бубинад ва аз он бинӯшад ё ба он ворид гардад, ин дар баъзе таъбирҳо ҳамчун рамзи озодӣ аз азобҳо ва ҳатто ишора ба саодат ва биҳишт маънидод мешавад. Аммо агар ҳамон манзараро бубинад, вале аз он нанӯшад ва ворид нашавад, ин метавонад ба маънои он бошад, ки шахс дар зиндагӣ аз имтиҳонҳо мегузарад, бо мушкилот ва озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавад.

Дар баробари ин, май дар хоб ҳамчунин рамзи гумроҳӣ, гуноҳ, ошӯб, адоват ва ғазаб ҳисобида мешавад. Яъне он метавонад ҳушдор диҳад, ки инсон дар атрофи худ таъсирҳои манфӣ дорад ё ба рафторҳое майл мекунад, ки оқибати хуб надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо низ май ба коҳиши қувваи ақл ё парешонии фикр ишора мекунад, махсусан агар шахс дар зиндагӣ доимо дар ҳолати изтироб ва ҳаяҷон бошад.

Агар касе дар хоб бинад, ки худаш май ё дигар нӯшокиҳои масткунанда омода мекунад, ин одатан ба маънои он аст, ки ӯ дар корҳои бузург ё муҳим иштирок мекунад, вале натиҷаи он вобаста ба нияти ӯ метавонад мусбат ё манфӣ бошад.

Ҳамин тавр, май дар хоб як рамзи мураккаб аст: он ҳам метавонад ишораи неъмату имконият бошад ва ҳам ҳушдор аз гуноҳ, фиреб ё мушкилоти равонӣ. Таъбири дақиқи он ҳамеша ба ҳолати шахс ва ҷузъиёти хоб вобаста аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД