Модарам «духтарам бе шавҳар намонад» гуфта, маро бо як ҷияни деҳотияш хонадор карданист. Аз ман чизе напурсида, бо хешонаш маслиҳатҳоро пазондааст.
Вақте аз даҳони хоҳарам фаҳмидам, ки маро бо Ҷамшед хонадор карданианд, ҳуш аз сарам парид. Ҷамшедро хуб мешиносам, як подабони бесавод аст. Бо модарам ҷанҷол кардам, вале «Гап гапи худам. Туро ман зоидааму ба касе хоҳам, медиҳам»,- гуфта, маро гӯш кардан нахостанд. «Апаҳоят аз хешони ман ҳазар карданд, имрӯз туи тиррончак ҳам гапу кори онҳоро такрор мекунӣ?!»- гуфта, модарам дуои бад мекунад.«Падарат намемурд, ки ин азобҳои маро медид»,- гӯён, бо доду фиғон хонаро ба сараш мебардорад.
Ман, ки духтари хондагӣ ҳастам, дар кӯҳу саҳро зистан намехоҳам, аз ин рӯ, аз минбари баланд ба ҳама хешу табори модарам гуфтаниям: Бо Ҷамшеди бесаводу латта ҳеҷ гоҳ хонадор намешавам! Беҳтараш маро ба ҳолам гузоред, вагарна шарманда мешавед!
Динора