Arzon march 2024
ШАҲРИТУС: МАРД СОБИҚ ЗАНАШРО БО ҲАМСОЯ ДОШТУ...
8069


Содиқ соати 23:30-и шаб ба хонаи собиқ ҳамсараш Фарзонаи 26-сола омада, шоҳиди манзараи нангине гашт, ки ҳеҷ интизораш набуд. Фарзона дар оғӯши ҳамсояаш Рустам масти хоб буд.

Бо дидани ин ҳақиқати талх марди 51-солаи сархуш ҳушёр шуд. Ҳиссиёти рашку алам дар дилаш аланга зада, хун дар рагҳои Содиқ ба ҷӯш омад. Шайтон васваса мекард, ки қасосатро аз ин ду хиёнаткор биситон, вагарна мард нестӣ!
Содиқ чи тавр кордро ба даст гирифт, дар ёд надорад. Ин марди бадрашк танҳо баъди задани чанд зарбаи кордба ҳар ҷойи бадани ҳамсоя бо дидани хун ба худ омад...
Бистари хоби Фарзона аз хуни ошиқаш Рустами 52-сола дар як дам лолагун гашта буд, аммо дили Содиқи бадрашк бо ин ҳам тар нашуд. Марди аз ғазаб девонашуда ба собиқ ҳамсараш ҳамла карда, пай дар пай Фарзонаро чор корд зад. Ҷавонзан фарёди ҷонхароше кашида, ғарқи хун рӯйи ҷогаҳ афтид...
Фиғони соҳибхонаро шунида, сокини шаҳри Норак Нилуфар, ки он шаб меҳмони дугонааш Фарзона гашта буд, зуд ба имдод шитофт. Содиқ ба меҳмон ҳам раҳм накарда, мисли гурги гуруснае, ки ба рамаи гӯфсандон ҳамла ме кунад, ҷониби ин зани бегуноҳ давид ва Нилуфарро се корд зада, маҷрӯҳ намуд.

Ҳамин тавр дар як шаб ин марди бадрашк манзили собиқ занашро ба мазрааи хунин табдил дода, боиси марги Рустам Раҷабови 52-сола ва ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштани ду зан-Бердиева Фарзона ва Камолова Нилуфари 30-сола гашт.
Ҳамин тавр ба васвасаи шайтон гӯш дода, Содиқ Суманқулов натанҳо ҳаёти ин се нафар, балки зиндагии худро низ барбод дода, дубора ба кунҷи зиндон афтид.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Шаҳритус Содиқ Суманқулови 51-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани куштор боздошт шуда, нисбати ин марди бадрашк бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардидааст. Тафтишоти ҷузъиётҳои дигари ин қазия аз ҷониби кормандони мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД