sebiston july new
ШАҲРИНАВ: КОРДЗАНӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
1267


Бепарвоии волидайн дар тарбияи фарзанд боиси аз назорат дур монда, даст ба авбошӣ ва ҳар гуна корҳои ношоями дигар задани насли ҷавон мегардад. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Шаҳринав рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост....

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавон бо иттиҳоми расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии шахси дигар хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, гумонбар шоми 19-уми декабр, тахминан соатҳои 19.30 аз ҳиссиёти авбошӣ бо як ҷавони 17-солаи маҳаллӣ даст ба гиребон шуда, дар ҷараёни моҷаро рақибашро корд задааст.

Ҷабрдидаро бо захми хуншор фавран ба бемористон интиқол доданд, нисбати бачаи кордкаш бошад, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД