Formula novemver 2024
Шаҳринав: Хусур домодро лату кӯб кард!
2767


Носозгории келину хушдоман як ҳодисаи маъмулӣ гашта, дар баъзе оилаҳо арӯсу модаршӯй ба ҳадде ҳамдигарро бад мебинанд, ки сояи якдигарро аз девор тарошида, ҳатто рӯйканию мӯйканӣ ҳам мекунанд. Бадбахтона, дар пайи моҷароҳои хонаводагӣ ҳатто ҳодисаҳои нохуши ба дасти хушдоман кушта шудани келин ва баръакс модаршӯйро ба қатл расонидани арӯсон низ рӯй доданд, аммо..

Дар ин росто муносибати хусуру ва домод дар ҷомеаи мо мӯътадил ба назар мерасид, вале ба падарарӯсони мо низ чашми бад расида, хусур душмани ҷони домод гаштааст. Акнун баъзе падарарӯсон ба ҷойи насиҳат кардан бо мушта лагад домодро “тарбият” кардан мехоҳанд. Ҳодисаи дар ноҳияи Шаҳринав ба вуқӯъ пайваста далели равшани ин гуфтаҳост.
Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав як марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабо муроҷиат намуда, аз падарарӯсаш шикоят кардааст. Ба қавли ин мард, шоми 21-август, тахминан соатҳои 20.30 дар манзили истиқоматии худаш хусураш бе ягон сабаб ӯро зери мушту лагад гирифта, бераҳмона лату кӯб намудааст.
“Домоди лагадкӯб шуда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст”,-мегӯяд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД