arzon replenishment
ШАҲРИНАВ: ДУХТАРИ 14 СОЛАРО КӢ ТАҶОВУЗ КАРД?
4703

Олимбой Азизов,сокини ноҳияи Шаҳринав бо ҷурми таҷовузи духтари 14-сола ба 18-соли зиндони низомаш сангин мақкум шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Олимбой Азизов, сокини ноҳияи Шаҳринавро барои таҷовуз ба номуси духтари писарамакаш, ки ҳанӯз ба синни 14 нарасидааст, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.Азизов Олимбой Тухтаевич аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Ҳасанов ворид гашта, дар набудани аъзои оила ба номуси духтарчаи писарамакаш дастдарозӣ намудаст.

Додситонӣ мегӯяд, Азизов ба духтари писарамакаш, зодаи соли 2005 ҳуҷум карда, дидаю дониста, ки номбурда баръало ноболиғ буда, ҳанӯз ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дохили ҳуҷраи хоб дароварда, ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ намудаст.Манбаъ афзуд, баъди алоқаи ҷинсӣ Азизов ба ноболиғи ҷабрдида таҳдид кардааст, ки агар дар бораи ҳодисаи рухдода ба касе гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.Ба иттилои додситонӣ, Азизов такроран 23 январи 2019 аз набудани волидони ноболиғ истифода бурда, дар пешдолони манзили истиқоматӣ, тариқи маҷбурӣ бо ҷабрдида алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.

Додситонӣ мегӯяд, баъд аз ин ҳолат ҳам ӯ ноболиғро таҳдид намудааст, ки ба касе хабар надиҳад.

Бознашр аз сомонаи Спутник.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД