arzon replenishment
ШАРИФГУЛИ ШӮРОБОДИРО ЗАХМИ ЗАБОНИ ШАВҲАРАШ КУШТ
5452

 

Апаам Шарифгул духтари ҳалиму меҳрубоне буд, вале аз азал ба ишқу ошиқӣ шавқу ҳавас надошт. Рӯзи дароз сархам кору бори хонаро мекард.

Волидайнам Холмат ва Анорбӣ «тақдиру насиб» гӯён, ӯро дар деҳаи ҳамсоя ба шавҳар доданд. Арӯсӣ беҳтарин айёми умри инсон аст, вале апаи ман аз рӯзи нахустини ба хонаи бахт қадам гузоштанаш рӯйи хушу рӯзи некро надид, ки надид. Шавҳараш Худойбердӣ ҳамеша суханҳои нешдор гуфта, дилашро озурда месохтааст, вале апаам «сари кафида зери тоқӣ» гӯён, сирру асрори зиндагиашро намекушод. Дарун-дарун ғам хӯрдан оқибат ӯро ба бистари беморӣ афканд. Модарам апаамро хабаргирӣ мерафтанду аз он ҷо бо чашмони ашкбору дили фигор бар мегаштанд. «Ганда мурданӣ надорад» гӯён, язнаам ҳатто дар назди модарам ба ҷавшани ҷони апаи беморам теғи сухани талхашро мехалонидааст. Рӯзе боз садои занги телефон баланд шуд.

Овози Шарифгулро шунида дар ташвиш афтодем. «Оча, дигар тоби чунин зиндагиро надорам, илтиҷо мекунам, тезтар расида биёед”,- гӯён, апаам телефонашро хомӯш кард. Модарамро ба изтироб афтида шабошаб ҳамроҳи акаам Сайдраҳмон ба хонаи апаам рафтанд. Ҳангоми вориди ҳавлӣ гаштан ҷигарбандашро дар назди обсабзҳои баҳорӣ тани танҳо дида модарам ҷигархун мешавад ва бо азоб шабро рӯз карда, субҳи барвақт Шарифгулро гирифта ба беморхонаи шаҳри Душанбе мебаранд. Табибон мегӯянд, ки беморро фавран ҷарроҳӣ кардан лозим аст, акаам маблағи амалиётро пардохт мекунаду онҳо ба кори худ шуруъ менамоянд. Ҷарроҳӣ хуб гузашт, вале баъди се рӯз аҳволи апаам боз бад шуд.

Табибон маҷбур шуда, дар тӯли 5 рӯз ӯро се маротиба ҷарроҳӣ карданд, вале ин дарди ҷонгудоз, ки бо захми забони шавҳараш дар тани апаам реша давонда буд, дасти номуборакашро аз ҷисми абгори ӯ гирифтанӣ набуд. Ниҳоят ҳамин дард дар синни 30 солагӣ риштаи умри ҷавони Шарифгулро барканд. Ман, ки он вақт донишҷӯи соли аввал будам, ин шумхабарро аз забони яке аз хешовандонамон шунида, рӯю мӯйканон ба азо шитофтам. Вақте ки аз дар даромадам, аллакай тамоми хешу табор ва аҳли маҳалла дар болои сари апаи ҷавонмарги аз сад гул як гулаш ношукуфтаам нишаста бо сӯзу гудоз гиряву нола мекарданд. Дар байни мардуми ба азо омада танҳо холаам набуд. Аламовараш дар он буд, ки холаам дар роҳи дур не, дар деҳаи худамон зиндагӣ мекард. Дар урфият «Хола ба ҷои модар» мегӯянд, вале ин гап дурӯғ будааст, агар рост бошад, магар холаи ман ба мотами ҷигарбандаш намеомад?!

Дар умрам бори аввал холаеро дидам, ки дар ҷанозаи ҷиянаш иштирок накард, ҳатто дар маросимҳои мотамӣ низ ба хонаи хоҳараш омада изҳори тасаллияту ҳамдардӣ накард. Шоири англис Ҷон Дон мегӯяд: «Марги ҳар одам маро низ мекушад, зеро ман заррае аз инсоният ҳастам». Хулоса, апаи ормониамро ба хок супурдем, вале бачаҳои хурдсолаш тобу тавони таҳаммул кардани ҳақиқати талхи сафари бебозгашти модарашонро надоштанд. Ин тифлакони ба меҳри модар зор, аксаран занҳои маҳалларо модарашон гумон карда, аз паси хонумҳои ношинос «очаҷон, очаҷон!!!» гӯён, чунон медавиданд, ки дилу ҷигарашон ба қавли кампиракон «об мешуд». Ба хотири ноумед насохтани тифлакони ятим ин занҳои бофаросат онҳоро тасаллӣ дода, сарашонро сила мекарданду ваъда медоданд, ки модарашон меояд, вале…

Рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо гузаштанду модарашон наомад. Фарзанди калонии Шарифгули ғуррамарг ҳоло дар зери азияти моиндар зиндагӣ дораду дуюмаш дар мактаб-интернати шаҳри Душанбе таҳлил мекунад. Албатта давлат намегузорад, ки ягон ятим азоб кашад, вале магар ҷойи модар ва меҳри бузургу покашро касе гирифта метавонад?!

Азизони худро Худованд ҳамеша имтиҳон мекард. Ҳазрати Юсуф, паёмбар ва зеботарин дӯсти Худованд 40 сол азоби ғарибию фироқи падарро таҳаммул намуд, Аюбро Парвардигор бо беморӣ имтиҳон кард, ҳазрати Закариёро қавмаш бо арра ду пора намуданд, Юнус чил рӯз дар батни моҳӣ зинда монд, Исои пайғамбар азоби чормехро дид, шояд Худованд бо зиндагии пур аз дард ва марги Шарифгул моро низ имтиҳон намудааст…

Гиря кардам, ашк бар доғи дилам марҳам нашуд,

Нола кардам, заррае аз дардҳоям кам нашуд.

Дар гулистон бӯйи гул бисёр бӯйидам, вале,

Аз ҳазорон гул, гуле монанди ту пайдо нашуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД