Formula novemver 2024
Шаҳри Турсунзода: Қарздор соҳиби пулро кордборон кард!
2856

Пул! Кист, ки онро дӯст надорад ва барои ба даст оварданаш талош накунад?! Моҷарои пулӣ падарро бо писар, бародарро бо бародар, дӯст бо дӯсти ҷониаш душман месозад. Барои пул баъзеҳо ҳатто ба даст корду камон гирифта, дамкушӣ ҳам мекунанд. Рафтори як марди 60-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ки аз як ҷавонзани шиносаш пули калон қарз гирифта, баъди ба мақсад расидан, ба ҷойи раҳмат гуфтан, қасди ҷони соҳиби пулро намудааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Т. Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии шахси дигар хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин марди 60-сола аз як зани 34-солаи сокини шаҳри Турсунзода пул қарз гирифта, баъди ба мақсад расидан ба ҷойи миннатдорӣ кардан қасди ҷони соҳиби пулро намудааст.
Рӯзи 14-уми ноябр бо баҳонаи бар гардонидани қарз ин марди умраш ба ҷое расида ба кӯчаи Матқозиеви шаҳри Турсунзода омада, ба зани шиносаш, ки аз рӯйи раҳму шафқат ба ӯ пул қарз дода буд, бо корд ҳамла мекунад ва соҳиби пулро 7 корд мезанад.
Ҷавонзан бар асари зарбаҳои корд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ба бемористон интиқол дода шуд, қарздори кӯрнамак бошад, акнун барои ҷинояти содир намудааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД