arzon replenishment
ШАҲРЕ БИДУНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН
1789

Созмони Миллали Муттаҳид сабаби сабти ҳолатҳои ками гирифторшавӣ ба коронавирусро дар Тоҷикистон пастсифат будани тестҳо гуфт.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии хабаргузории “Спутник” ин ниҳоди байналмилалӣ дар гузориши охири худ дар робита ба омори COVID - 19 дар Тоҷикистон маълумот дод. Гузориши СММ омори коронавирусро аз 6 то 23 - юми июли соли ҷорӣ дарбар мегирад.

Гузоришгарон ба чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии ин беморӣ дар Тоҷикистон диққат дода, гуфтаанд, ки манъи парвозҳои ҳавоӣ, баргузории чорабиниҳо, риояи фосила ва ҳамчунин маҷбур кардани ниқобпӯшӣ зарур ва саривақтӣ буд.

Аммо гузоришгарони Созмони Милали Муттаҳид таъкид намудаанд, ки ба дурустии омори COVID - 19 дар кишвари мо шубҳа доранд.

"Шояд сабти ками гирифторони бемории сироятии коронавирус ба пастсифат будани тестҳо алоқаманд бошад", - таъкид мешавад дар гузориш.

Вале, дар мавриди ташхиси тестӣ дар Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфта буд, ки соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 65 ҳазор нафар аз тести коронавирус гузаронда шуданд. Айни ҳол, дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ беш аз 100 ҳазор тест қарор дорад ва интизор меравад дар ояндаи наздик боз миқдори муайяни тестҳо ворид шавад.

Масъалаи дигар, ки боиси нигаронии гузоришгарони СММ шудааст, ин набудани омори расмӣ аз ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, мавҷуд будани ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 30 - юми апрел азӣ ҷониби эълон шуд. Феълан, ба маълумоти Вазорати тандурустӣ дар кишвар то шабонарӯзи гузашта 7495 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, наздик ба 6300 нафар аз он шифо ёфтаанд. Вале мутаассифона, 61 нафар қурбони ин вирус шуд.

Баъди ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар як шаҳре боқӣ мондааст, ки хушбахтона то имрӯз ба он коронавирус нарасидааст. Ҳамчунин, масъулин тавзеҳ додаанд, ки чӣ гуна коронавирус ба ин минтақа осеб расонида натавонист.

Дар шаҳри Истиқлоли Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора рӯзномаи маҳаллии "Ҳақиқати Суғд" дар такя ба раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода хабар додааст.

Раиси шаҳр шарҳ додаст, ки чаро дар Истиқлол нафаре ба ин беморӣ гирифтор нашуд. Ба гуфти вай, ҷойгиршавии ҷуғрофии минтақа ва чораҷӯиҳои санҷидашуда боиси пешгирӣ аз коронавирус гаштанд.

"Барои ворид шудан ба шаҳр танҳо як роҳ аст. Дар он пости шаҳрӣ фаъолият мебарад. Пеш аз ворид шудан, шаҳрвандон дастонашонро бо маҳлули антисептикӣ тоза мекунанд ва ҳарорати онҳо санҷида мешавад", - таъкид кардааст Амонзода.

Вай афзудааст, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар шаҳр чораҷӯиҳои пешгирикунанда пурзӯр карда шудаанд.

Беморхонаи шаҳрӣ барои 20 бемор муҷаҳҳаз гардонида шуда, таҷҳизоти махсус, 450 даста либоси махсус, доруворӣ ва таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ омода карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД