arzon replenishment
Шарбат аз ангур ва черника- табиӣ ва фоиданок
06.05.2021
Zebo
1070

Визуальный вид на бутылках 2Рӯзҳои наздик Ватани маҳбуби мо, Тоҷикистони офтобии мо солгарди таърихии худро ҷашн мегирад.

9 сентябри соли 2021, мо 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Дар тӯли ин солҳо, кишвар ва халқи мо оқибатҳои ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ ва душвориҳоеро, ки дар натиҷаи он ба вуҷуд омадаанд, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф намуда,  дар роҳи рушд ва пешрафт ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.Ин ҳама, бар хилофи андешаи мунаққидоне, ки ба ояндаи Тоҷикистон бовар надоранд, ба туфайли хирад ва заҳмати мардуми мо, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси сармояи инсонӣ ва захиравии кишварамон, ки дар сиёсати иқтисодии давлат амалӣ карда мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон имконпазир гардид.Иқтидори захиравии Тоҷикистон дар асоси манбаъҳои табиӣ, имкониятҳои номаҳдуди энергетикаи сабз дар бахши кишоварзӣ заминаи рушди беназири иқтисодӣ ва ҷолибияти сармояи хориҷӣ гардид.Намунаи барҷастаи ингуфтаҳо саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пешсафи он ширкати «Оби Зулол» буда, тамоми намудҳои маҳсулотро дар сегменти об, афшураҳо, нӯшокиҳо бо сифати баланди ҷаҳонӣ ва нархи арзон истеҳсол мекунад.Ширкат инчунин дар таҷҳизотҳои муосири худ ҳама намуди меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро бо хатҳои муосир коркард намуда, то маҳсулоти ниҳоии солими озуқаворӣ (афшураҳоитабиии меваю сабзавот, шириниҳо, ғизои кӯдакон, мураббо) истеҳсол мекунад.Ширкати “Оби Зулол” бо ин дастовардҳояш таваққуф намекунад ва бо эътимод рушд намуда, маҳсулоти наву муфидро меофарад.12 сентябри соли 2020 ширкати “Оби Зулол” 20-солагии худро ҷашн гирифт ва дар ин муддати кӯтоҳ, ба мисли кишвари мо, тавонистааст дар соҳаи хӯрокворӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад.Ҷузъҳои асосии муваффақияти ширкат хатҳои муосири технологии аврупоӣ ва риояи стандартҳои ҷаҳонии сифат ба маҳсулоти бо нархи дастрас барои мардум истеҳсолшаванда мебошанд.

 Ceremony _1 (26)

Ширкати “Оби Зулол” дар тӯли фаъолияти худ ҳамеша дар пайи навоварӣ буд ва пайваста саъй мекард, ки ба мардуми кишвар маҳсулоти беҳтаринеро, ки дар бозори ҷаҳонӣ аст ва аз ҳама муҳимаш бо нархи дастрас ба мардуми кишвар пешниҳод кунад.Аксари ширкатҳои муваффақи хориҷӣ аз рӯи стандарти «Маҳсулоти нав барои насли нав» рушд мекунанд.Масалан, қаблан ширкати Apple ҳамчун як ширкати компютерӣ шинохта мешуд.Аммо имрӯзҳо, дар бораи Apple шунида, мо фавран смартфони Iphone-ро тасаввур мекунем.Яъне, маҳсулоти нав барои одамон навовар ва қадрдон шудааст.Бо ин мо гуфтан мехоҳем, ки ҷаҳон дар як ҷо намемонад, одамон иваз мешаванд, ниёзҳои онҳо тағйир меёбанд, як насли нав бо ниёзҳои худ пайдо мешавад.Мусаллам аст, ки як ширкати муваффақ ва муосир бояд ба тағйиротҳо бо назардошти ниёзҳои мардум, ғамхорӣ нисбати ғизои солими истеъмолкунандагонаш омода бошад.“Оби Зулол” талаботи бозорро ба назар гирифта, ба қатори шарбатҳои табиии аълосифат дар зарфҳои шишагин маззаҳои нав илова кард:

  • Ангурӣ
  • Черникагӣ
  • Черника - зардолу
  • Черника - шафтолу
  • Черника - нок
  • Черника – себ

Ceremony _1 (34)

Далели ҷолиб - олимони Донишгоҳи Орегон (ИМА) муайян карданд, ки ангур ва черника пайвандӣ доранд, ки дар якҷоягӣ бо витамини D иммунитетро беҳтар намуда, ба ин васила дар муқобили ҳамлаҳои бактерияҳо ва дигар микроорганизмҳо ба инсон кӯмак мекунад.Лек, сабаби асосии дӯстдоштанӣ будани ин шарбатҳо, тамъи бенуқсони буттамеваҳо мебошад.Шарбатҳои табиӣ аз ангур ва черника на танҳо фоидаоваранд, балки ба одамон имкон медиҳанд, ки маззаи гуворо ва айни замон бемислро эҳсос кунанд, зеро ширкати “Оби Зулол” ҳамеша истеҳсолкунандаи маҳсулоти хушсифат ва табиӣ мебошад.Тавре мегӯянд: "Рассом шоҳкории худро офарида, кори худро ҳис ё эҳсос мекунад", аз ин рӯ, ширкати “Оби Зулол” шарбатҳои табиии "Нури Зулол" -ро офарида, барои мардум табиӣ ва фоиданок будани онро таъмин менамояд.Шарбатҳои аълосифати "Нури Зулол" дар зарфҳои шишагӣ маҳсулоти миллии дорои сифати ҷаҳонӣ ва бо нархи дастрас мебошанд.Шарбатҳои нави моро аз бренди “Нури Зулол” бинӯшед ва маззаи нотакрору фоидабахшро эҳсос намоед.Тамоми маҳсулоти “Нури Зулол”, ки ширкати “Оби Зулол” муддати зиёда аз 20 сол барои шумо истеҳсол мекунад, метавонед дар рафҳои нуқтаҳои савдои чаканаи Тоҷикистон, таҳти шиори “МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ БО СИФАТИ ҶАҲОНӢ ВА НАРХИ ДАСТРАС” пайдо кунед.Ё ҳангоми хондани ин мақола, шумо метавонед каме танаффус намуда, ба сомонаи shop.obizulol.tj ворид шуда, маҳсулоти “Оби Зулол”-ро ба таври расонидани ройгон, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фармоиш диҳед.

Ceremony _1 (35)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД