Formula novemver 2024
Шаппотии тақдирсӯз (ҚИСМИ 1)
2409

 

Духтарак ба модараш, ки баъди сўзандоруи таскинбахши духтурон бароҳат хоб буд, ба меҳр нигариста, хост аз рухсораҳои аз зарби дард зардаш бўсае гирад, вале худро ба даст гирифт. Намехост модари коркуштааш бедор шавад ва роҳаташ халалдор гардад. Насрин бо дастонаш аробачаи маъюбияшро ронда, ба ошхона омад, хост то бедор шудани модараш хўрок пазад, ашк бари рўяшро мешўст, худашро гунаҳгор ҳисоб мекард духтарак…

Падару модари Насрин вақте аз Тоҷикистон кўч баста, ба Русия омаданд, Насрин дар батни модар буд. Ў ин ҷо таваллуд шуду баъд додаракаш Ромин ба дунё омад, оилаи хушбахте буданд. Падару модараш шабу рўз ба хотири беҳбудии аҳволи фарзандон кор мекарданд. Дар як муддати кўтоҳ дар ин кишвари бузург соҳиби хонаи шахсии худ шуданду шаҳрвандии Россияро пазируфтанд. Падару модараш дар ватан ҳарду ҳам донишгоҳ хатм карда буданд, аммо аз рўйи тахассуси хеш кор намекарданд. Падараш курси кўтоҳмуддати челонгариро хонда, ин ҳунарро ёд гирифту дар заводи калоне ду баст кор мекард. Аз тарафи коргоҳ ба вай се вақт хўроки гарм, либос ва ёриҳои зиёде мекарданд, маошаш ҳам хуб буд. Модараш бошад, дар хонаи руси сарватманде хизматгор буд, Насрину додараш вақти холӣ надоштанд, онҳо ба дарс мерафтанду баъди дарс ба ҳар гуна курсу маҳфилҳо. Ҳар бегоҳ гирди суфраи ғизои шом кўтоҳакак бо ҳам сўҳбат меоростанд, ин ҳам бо модарашон. Падар танҳо рўзҳои шанбеву якшанбе бо аҳли оила буду то дер мехобид, баъд ҳамроҳи фарзандон ба тамошои шаҳри зебои Питер мебаромад. Дар рухсатии меҳнатии волидон онҳо албата ба ватан меомаданд. Як моҳ дар ватани бобоияшон, ки деҳаи кўҳистони зебоманазаре буд, меҳмон мешуданд. Даҳ понздаҳ рўзи дигар дар хонаи якҳуҷрагии кўчакашон дар Душанбе меистоданд. Барои Насрину Ромин ин кўлбаи кўчак, ки дар шаҳомат бо хонаи чорҳуҷрадори бошаҳомати Питер, хеле фарқ дошт, дунёе буд. Дар яке аз ҳамин гуна сафарҳо онҳо бо як ҳамшаҳрияшон, ки ҳамдеҳаи волидонаш буда, дар Питер зиндагӣ мекарданд, якҷоя сафар карданд. Олиҳамоҳ, писари ягонаашро танҳо ба воя расонида буд, шавҳарашро дар Маскав тоссарҳо кушта буданд ва ин зан писарашро гирифта, ба Питер меояд ва он ҷо зиндагӣ мекунад.

Насрину Ромин бо Анас ошно шуданд ва дўстии онҳо хеле бузург шуда рафт. Олиҳамоҳ бо писараш хеле дур аз шаҳраки мезистаи хонаводаи Насринашон зиндагӣ кунанд ҳам, зуд-зуд ба хабаргирӣ меомаданд. Оқибат дӯстии байни Насрину Анас ба ишқ анҷом ёфт, касе мухолифи ин ишқ набуд. Олиҳамоҳ шод буд, ки писараш аз ҳамшаҳриҳояш арўс интихоб намудааст, на аз бегонагон. Анас зуд-зуд назди Насрин меомад ё онҳоро бо Ромин ба меҳмонӣ мехонд. Оқибат ба хотири ишқи Насрин ў модарашро маҷбур кард, ки ҷойи корашро иваз карда, аз наздикии хонаи дўстдоштааш хонаи иҷора гирад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Анас мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шуд, Насрин дар синфи даҳ мехонд. Аслан волидон зидди вохўрии ҷавонон набуданд, аммо ин вохӯриҳо танҳо рўзона сурат мегирифтанд ва таҳти назорати волидон қарор доштанд.

Як рўзи истироҳатии баҳорон Анас аз Насрин хоҳиш кард, ки бо ў ва ҳамсабақҳояш ба бӯстонсарои канори шаҳр раванд. Падару модари Насрин розӣ шуданд, фақат бо як шарт, шаб Насрин бояд дар хона бошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки кори хона ба бозор рост намеояд. Он рўз борони сахте бориду барқ хомўш шуд, телефонҳо заряд надоштанд. Хулоса Насрин танҳо рўзи дигар баъди нисфирўзӣ ба хона расид.

Рухсора САИД 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД