Имрӯз дар мағозаву бозорҳо намудҳои зиёди шампун ба фурӯш гузошта шудаанд. Ростӣ, баъзан дар интихоб ҳайрон мемонам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, дар як ҳафта чанд бор ва бо кадом намуди шампун сарамро бишӯям?
Замира
Мўйи хушкро дер-дер шўед
Мўйи хушкро дар 6 рўз як маротиба шустан кофист. Барои мўйи хушк шампуне лозим, ки аз иловаҳои равғандор ва моддаҳои мулоимкунанда иборат бошад. Ин навъи шампун пўсти сарро аз хушкшавї эмин нигоҳ медорад. Гуфтагӣ барин, бонувоне, ки худованд барояшон мӯйи хушкро ато намудааст, ҳатман бояд баъди саршӯйи ба мӯйҳояшон кондитсионер молида, сипас обгардон кунанд. Мабодо мўятон тунук ва решаҳояш равғанин бошаду нӯги мӯйҳоятон гул кунад, беҳтараш шампуни барои мӯйҳои равғанин тавсияшударо истифода баред. Барои мӯйҳои тунук шампунҳои махсус низ вуҷуд доранд. Одатан дар қуттии ин намуди шампунҳо “шампун барои ҳаҷман ғафс намудани мўй” навишта мешавад. Ин шампунҳо дар баробари моддаҳои қавикунандаи мўй, ҳамчунин дорои моддаҳое (кератин, протеин ва шираи гиёҳҳо) мебошанд, ки дар мўйҳо қабати тунукро ба вуҷуд меоранд ва дар натиҷа кокулон аз будашон ғафстар менамоянд.
Агар мӯй равғанин бошад...
Мўйҳои равғанинро ҳар рўз шустан мумкин аст, вале аз рўи чунин нақша: ҳафтае 1-2 бор бо шампун барои мўйҳои равғанин, рўзҳои дигар бо шампуни муқаррарї.
Мўйи муътадилро бо истифода аз шампун барои мўйҳои муътадил (шампунь для нормальных волос) дар 3-4 рўз як маротиба шустан мумкин аст. Чунин намуди шампун миқдори миёнаи моддаҳои шустушўиро доро буда, пўсти сарро мулоим мекунаду худи мўйҳоро хушк намесозад.
Пас аз химия
Шумо ҳатман мепурсед: агар мўй аз ранг ё аз таъсироти кимиёвї зарар дида бошад, онро бо чӣ гуна шампун шустан лозим аст?
Мўйҳои осебёфтаро бо шампуни безараре, ки ба таркибаш миқдори зиёди моддаҳои ғизобахш дохил мешаванд, шўед. Дар интихоби чунин шампун ҳатман ба қуттиаш диққат диҳед, то дар таркибаш протеин, равғани жожоба ё авокадо дошта бошад.
“Ду дар як” фоида дорад ё зарар?
Шўстани сар бо шампуни «Ду дар як» танҳо дар ҳолатҳои зарурї мумкин аст. Дурудароз истифода намудани чунин шампунҳо манъ аст, чунки дар таркибашон иловаҳои сахттаъсире амсоли силикон доранд ва мўйро беҷону пажмурда месозанд.
Шампун сабӯсакро нест мекунад?
Шампун зидди сабўсаки сар дар баробари воситаҳои шустушўї доштанаш боз иловаҳои фаъоле дорад, ки пайдошавии сабўсаки навро маҳдуд месозад. Ин навъи шампунро танҳо дар сурати пайдо шудани сабўсак истифода баред, пайваста бо он сар шустан мумкин нест. Фаромӯш накунед, ки шампунҳои косметикї мушкилоти сабўсаки сарро пурра рафъ карда наметавонанд. Беҳтараш шампунҳои махсуси табобатии зидди сабўсаки сарро аз дорухонаҳо дастрас намуда истифода баред, чунки маҳз дар чунин шампунҳо моддаҳои несткунандаи замбўруғ, ки сабабгори пайдошавии сабўсаки сар мебошад, мавҷуданд.