Arzon march 2024
Шахсони фарбеҳ кудакдор мешаванд?
1483

Барои зиндагии як завҷ, ки мехоҳанд як умр канори ҳам бошанд, фарзандор шудан ниҳоят муҳим аст. Аммо на ҳама вақт роҳи зиндагӣ ҳамвору рост аст. Барои бордор шудани зан ҳам омодагии ҷисмию ҳам руҳӣ ниҳоят муҳим аст.

Дар бисёр ҳолат саломатӣ имкон намедиҳад, ки тифлаки хонадонро ба дунё оранду дар баҳори зиндагияшон гулҳоро шукуфон кунанд. Гирифторони чунин мушкил паси дари духтурон қатор шудаанд ва сабабаш гуногун аст. Яке аз ҳисоби марду дигаре узвҳои занона. Дар миён яке аз чунин мушкилиҳо ин фарбеҳии мардон аст.

Бояд қайд кард, ки фарбеҳӣ танҳо пешгири роҳи ҳомилагӣ нест, балки пайи худ чандин мушкилиҳои дигарро низ меорад. Аз ҷумла, дарди пойҳову сутунмуҳра, халалдоршавии кори дилу меъда ва гурда. Қисми зиёди шахсони фарбеҳ гирифтори бемории диабети қанд низ мегарданд.

Инчунин, вазни зиёд сабаби ба мақсад нарасидан дар оиладорӣ аст. Дар ҳолати фарбеҳии аз меъёр зиёди мардон занҳо наметавонанд бордор шаванд. Барои ин духтурон тавсия медиҳанд, ки аввал падари оянда ҷисман худро ба тартиб дарорад.

Кайҳо исбот шудааст, ки дар натиҷаи фарбеҳӣ ҳаракати нутфа ниҳоят заиф мегардад ва зан наметавонад бордор шавад. Дар ҳолати ногаҳон ҳомиладоршавии зан ҳам нигоҳ доштани кӯдак дар батни модар душвор мегардад.

Барои ҳомиладор шудани зан аз рӯи меъёр вазни мард 30 кг\м2 бояд бошад. Яъне, агар қади мард 170 см бошад вазни муқарари он бояд 75-80 кг бошад. Ин ҳолати одди як инсони солим аст.

Албатта, барои кӯдакдор шудан фақат фарбеҳии мард гунаҳкор буда наметавонад. Вазни зиёди зан ҳам ба ин сабаб шуда метавонад.

Вазни меъёрии ҳар зан ҳам барои солимию ҳам зебоии ӯ муҳим аст. Барои ин хӯроки солим ва тарзи ҳаёти солимро пеша кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД